61 донишҷӯи ДДТТ соҳиби дипломи аъло гардиданд
Душанбе, 30.01.2015. (АМИТ «Ховар»).- Аз рӯи ҷамъбасти имтиҳони хатми давлатӣ сифати таълим дар соли ҳисоботӣ ба 75,2 % ва дараҷаи дарсазхудкунӣ ба 100% расид, ки ин нишондиҳандаҳо нисбат ба соли гузашта натиҷаи беҳтарин ба шумор мераванд. Дар ин бора зимни ниасти матбуотӣ ректори Донишгоҳи давлатии тиббии кишвар Убайдулло Қурбон иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ректор, ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Синоро дар соли 2015 — 1 ҳазору 147 нафар хатм намуда, 61 нафар ба гирифтани дипломи аъло муваффақ гардиданд.
Дар асоси нақшаи қабули довталабон ва иҷозатнома барои соли таҳсили 2015 — 2016 ба донишгоҳ 1 ҳазору 410 ҷой муқаррар гардида буд, ки аз ин миқдор 580 ҷойи буҷавӣ ва 830 ҷойи шартномавиро ташкил медод.
“Барои қабули довталабон тибқи квотаи президентӣ аз 2 то 16 июни соли гузашта дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ озмун баргузор гашт. Тибқи нақша ба факултети тиббӣ 110 ҷой (57 ҷой барои духтарон ва 53 ҷой барои писарон) муқаррар шуда буд. Дар натиҷаи озмун нақшаи қабули тибқи квотаи президентӣ ба курси якуми донишгоҳ пурра иҷро гардид”,-илова намуд Убайдулло Қурбон.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






