Амнияти фардои меҳанро ба Пешвои миллат бовар кунем…

Январь 30, 2016 09:40

Душанбе, 30.01.2016.(АМИТ “Ховар”).-Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароит ва фурсате ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардид, ки ҷаҳони муосир шоҳиди бӯҳрони амиқи идеологист. Яке аз зуҳуроте, ки ҳамакнун ба вабои аср мубаддал гардидаву ба амнияти аҳолии сайёра таҳдид менамояд, ин густариш ва тақвияти ифротгароию терроризм маҳсуб мешавад. Аз ин лиҳоз, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардjшти муҳимияти мавзӯъ, дар мавриди хатарҳои ҷаҳонии ин зуҳуроти нангин якчанд маротиба сухан гуфт ва терроризму ифротгароиро “хатари аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир” хондаву паёмадҳои нохуши онро “на камтар аз силоҳи ядроӣ” арзёбӣ кард.
Дарвоқеъ, ҷои таассуф аст, ки дар чанд даҳсолаи охир терроризму ифротгароӣ зери ниқоби гурӯҳҳои алоҳидаи манфиатҷӯ баромад намуда, хусусиятҳои диниву мазҳабӣ касб мекунанд. Яъне, гурӯҳҳои тундрав бо истифода аз ному мақоми дин ба қатлу куштор ва даҳшату ғорат даст мезананд. Чун аксари фирқаву ҷараёнҳои ифротӣ аз номи дини мубини ислом баромад намудаву аз ин оини муқаддас чун василаи татбиқи ҳадафҳои муғризона истифода мекунанд, дар натиҷа номи ислом ва пайравони он чун “дини терроризм” ва “террорист” доғдор мегардад. Дар ин боб Президенти кишвар дуруст таъкид дошт: “зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, ба дини мубини ислом иртиботе надорад, баръакс, аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда, аз ваҳшонияти асримиёнагии террористӣ, пеш аз ҳама, кишварҳои исломӣ ва мусулмонони сайёра зарар мебинанд”.
Дар асл, шариати исломӣ зуҳуроти номатлуб ва даҳшатноки терроризму ифротгароиро шадидан маҳкум намуда, мусулмононро ба ваҳдату бародарӣ, иттифоқу ҳамдилӣ, раҳму шафқат, эҳтироми байниҳамдигарӣ, иззату икроми волидайн ва дар маҷмӯъ, ҳамаи аъмоли нек раҳнамоӣ мекунад. Чунончи Худованд дар ояти 195-уми сураи “Бақара” мефармояд:
“Ва дар роҳи Худо харҷ кунед ва хештанро бо дастҳои худ ба (вартаи) ҳалокат маафканед ва некӯкорӣ кунед! Ҳамоно Худо некӯкоронро дӯст медорад”.
Яъне, иштироки ҷавонон дар ҷангҳои дохилии Сурияву Ироқ ва дигар кишварҳоро метавон “хештанро ба дасти худ ба вартаи ҳалокат афкандан” номид. Ин зумра ҷавонон аслан аз ноогоҳиву камсаводӣ ба ваъдаҳои пулу мол ва “биҳишт”-и ифротгароён бовар карда, ба сафи онҳо мепайванданд. Президенти кишвар дар Паёми худ барҳақ таъкид дошт, ки сабаби аслии ба гурӯҳҳои тундрав пайвастани ҷавонон аз сатҳи пасти донишҳои замонавии эшон аст.
Ба ҳар сурат, чун терроризму ифротгароӣ имрӯз аз мушкилоти рақами яки сайёра аст, ҳар як давлат муваззаф аст, ки барои пешгирӣ аз пайомадҳои ин зуҳурот аз тадбирҳои мушаххас ва муассир кор гирад. Чун ба андешаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “таърихи ду даҳсолаи ахири Афғонистон собит кард, ки терроризм ва ифротгароиро наметавон танҳо бо роҳи низомӣ решакан кард”, пас мебояд аз дигар роҳу воситаҳои мубориза истифода кунем. Ҷои баҳс нест, ки пайравони гурӯҳҳои ифротӣ, махсусан гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” барои таблиғ ва ҷалби ҷавонон ба сафи худ аз технологияи муосир фаровон истифода мекунанд. Дар ин росто, дастури Роҳбари давлат ба мақомоти қудратӣ барои ироаи пешниҳоди асоснок дар мавриди таъсиси маркази мубориза бар зидди ҷиноятҳо бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва кибертерроризм ба Ҳукумат саривақтӣ ва қобили дастгирист.
Инак, аз нуктаҳои дар Паёми имсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикршуда ба хубӣ ҳувайдост, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири таъмини ҳаёти осоиштаи шаҳрвандон ва мубориза бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлуби замон омода аст ва дар ин самт аз ҳамаи роҳу василаҳои мавҷуда истифода хоҳад кард, зеро Тоҷикистони ҷавон ва мардуми шарифи тоҷик, ки ҳанӯз дар солҳои нахустини мустақилияти кишвар чунин таҳдиду хатарҳоро бо чашми сар дида буданд, дар ин самт таҷриба ва назари хоси худро доранд. Дар он солҳо мардуми тоҷик ба неруи зеҳнии сарсупурдаи давлату миллат Эмомалӣ Раҳмон эътимод баст ва ин абармарди сиёсӣ ба сифати кафили сулҳу субот ба ҳар як хонадони тоҷик амну осоиш эҳдо намуд. Мутмаинам, ки дар шароити имрӯза низ, чун пештара мардуми тоҷик пешрафту шукуфоии диёрро бо такя ба таҷрибаи ғании Пешвои арзандаи хеш таъмин менамояд.
Афшини Муқим,
котиби матбуотии Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 30, 2016 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗИМИСТОН ФАРО РАСИД. Дар моҳи аввали ин фасл ҳарорати ҳаво аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа паст пешгӯӣ мешавад
Дар Истаравшан 45 километр роҳҳои калони нақлиётгард мумфарш карда шуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Шуғнон 233 иншоот бунёду навсозӣ мешаванд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Мош қобилияти дуру дароз захира шуданро дорад
Шабакаҳои барқи ноҳияи Восеъ ба фасли зимистон омода мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Дар Душанбе конфронси минтақавӣ оид ба ҳамкорӣ барои рушди устувор доир гардид
«МАКТАБИ ХАБАРНИГОРОНИ ҶАВОН». Таҳти чунин унвон дар Хатлон даври омӯзишӣ оғоз гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ: «Дар рӯзҳои боронӣ дучанд эҳтиёт намоед!»
Намояндаи Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ дар Конфронси сатҳи вазирони Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ иштирок намуд
Ҳисоботи Тоҷикистон дар ҷаласаи пленарии Гурӯҳи Авруосиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда шунида шуд