Барои риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ масъулин ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд

Январь 15, 2016 10:11

Душанбе, 15.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Аз ҷониби кормандони Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати ҶТ, шахсони масъули корхонаҳо барои риоя накардани қоидаҳои бехатарии саноатӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ба маблағи 332 ҳазору 470 сомонӣ ҷаримабандӣ шудаанд, ки нисбат ба марҳилаи ҳисоботии соли гузашта 3 маротиба зиёд мебошад. Ин нукта имрӯз зимни нишасти матбуотии Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати ҶТ таъкид шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ шумораи корхонаҳои бақайдгирифташуда 227 ва иншоот 802 ададро ташкил дод. Дар натиҷаи муоинаи 324 иншоот ба роҳбарони корхонаву ташкилот барои бартараф намудани камбудиҳо ва қонунвайронкуниҳо беш аз 1 ҳазору 314 нишондод пешниҳод гардидааст.
«Соли 2015 аз тарафи кормандони хадамот дар корхонаҳои зериназоратӣ нозироти марказӣ — 225 ва нозироти маҷмӯӣ — 205 ҷаласа оид ба талаботи бехатарии саноатӣ, ҳифзи меҳнат ва фаҳмонидани моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии саноатии иншооти истеҳсолии хатарнок» гузаронида шуд»,-илова намуд сардори хадамот Раҳим Санъат Асо.

Январь 15, 2016 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад