Дар даҳаи аввали моҳи январ борон ва барф дар назар аст
Душанбе, 01.04.2016. (АМИТ «Ховар»). -Имрӯз, 4 январ дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ҳавои абрнок, борон, туман ва дар баъзе роҳҳо барфу яхбандӣ дар назар аст. Ҳарорати ҳаво рӯзона 2 — 4 дараҷа гарм шуда, боди сабук мевазад. Фишори ҳаво аз муқаррарӣ каме баланд аст. Бегоҳ каме барф хоҳад борид. Шабона барфи сабук борида, дар роҳҳо барфу яхбандӣ дар назар аст, ҳарорати ҳаво аз 0 то 2 дараҷа хунук хоҳад шуд.
Бино ба маълумоти ҳавосанҷони тоҷик, даҳ рӯзи аввали моҳи январ сербориш ва сард хоҳад шуд. Дар ин муддат ҳарорати ҳаво чанд дараҷа паст мешавад.
5 январ ҳаво абрнок шуда, барфи кӯтоҳмуддат ва дар роҳҳо яхбандӣ дар назар аст, шабона 0 — 2 дараҷа хунук ва рӯзона 5-7 дараҷа гарм хоҳад шуд.
6 январ ҳаво абрнок буда, шабона 0 — 2 дараҷа ва рӯзона 5-7 дараҷа гарм шуда, шамоли суст мевазад.
7 ва 8 январ ҳавои абрнок дар назар буда, борони кӯтоҳмуддат ба барфи шиддатнок мубаддал мегардад. Дар ин рӯзҳо гармии ҳаво 5-7 дараҷа буда, шабона 2-4 дараҷа гармӣ дар назар аст.
Вазъи ҳаво дар НТҶ дар ин рӯзҳо дар водиҳо шабона -1 -2 дараҷа хунук шуда, рӯзона 5- 7 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон: дар водиҳо шабона 0 -3 дараҷа хунук ва рӯзона 5 -7 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар вилояти Суғд дар водиҳо шабона 0 -1 дараҷа хунук ва рӯзона 3 -5 дараҷа гармӣ дар назар аст.
Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилояти Бадахшон шабона 2-3 дараҷа ва рӯзона 7-8 дараҷа хунук мешавад. Дар шарқи вилояти Бадахшон шабона 0-5 дараҷа сард ва рӯзона 4 -2 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе шабона 1 — 3 ва рӯзона 4 -6 дараҷа гармӣ дар назар аст.








Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд
Дар Душанбе нахустин Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои Тоҷикистон доир шуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Дар Душанбе иди бостонӣ ва миллии мо-Меҳргон бо шаҳомати хосса доир мегардад
Намояндагони Суди Олии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии судяҳо оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуданд
Оид ба стратегияи ҳамкории Тоҷикистон ва Корея машғулияти академӣ доир шуд
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бостоншиносӣ» баррасӣ гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Гурҷистон дар такмили низоми нафақа густариш меёбад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии шаҳри Хуҷанд ба мавсими сармо ҳамаҷониба омода мешаванд
Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард






