Дар натиҷаи 22 ҳодисаи нохуш 13 нафар ҳалок гардид
Душанбе, 15.01.2016. (АМИТ «Ховар»). -«Аз тарафи нозироти хадамот 22 ҳодисаи нохуш ва 1 садамаи истеҳсолии категорияи I ба қайд гирифта шудааст. Дар натиҷаи ҳодисаҳои нохуш 13 нафар ҳалок, 15 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд, ки нисбат ба соли 2014 зиёдтар мебошад». Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати ҶТ Раҳим Санъат Асо ироа намуд.
Бино ба иттилои С.Раҳим, дар соли 2014 -15 ҳодисаи нохуш бо фавти 13 нафар ба қайд гирифта шуда, 3 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.
“Дар соли 2015 хадамот ба корхонаву ташкилот ва иншооти бақайдгирифташуда 203 иҷозатномаи намудҳои фаъолият, аз ҷумла 94 шаҳодатномаи хариди маводи тарканда, 38 шаҳодатномаи истифодаи анбори маводи тарканда ва 102 иҷозат барои гузаронидани корҳои таркишӣ дода шуд”,-илова намуд сардори хадамот.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






