Дар пушти фаъолияти адвокатҳо шаҳрвандон қарор доранд
Душанбе, 29.01.2016 (АМИТ «Ховар»).-Моҳи декабри соли 2015 комиссияи Вазорати адлияи мамлакат бо иштироки намояндагони ВАО барои довталабони мақоми адвокатӣ имтиҳони тахассусӣ баргузор кард. Дар натиҷа ба 45 довталаб додани мақоми адвокатӣ рад шуда, 94 довталаб барои пешбурди фаъолияти адвокатӣ ҳуқуқ пайдо кард.
Дар ин бора аз Вазорати адлияи мамлакат иттилоъ дода, таъкид намуданд, ки то 27-уми моҳи марти соли 2016 адвокатҳои пеш аз комиссияи тахассусӣ ҳуқуқи фаъолияти адвокатиро ба дастоварда метавонанд фаъолияти худро идома диҳанд. Муовини вазири адлия Абдуманнон Ғаффор Холиқзода зарурати ворид шудани тағйирот ба фаъолияти адвокатиро шарҳ дода, аз ҷумла чунин гуфт: «Қаблан ба шахсоне, ки дар соҳаи мақомот 15 сол собиқаи корӣ доштанд ва ё 10 сол собиқаи адвокатӣ доштанд, имтиёз дода мешуд, ки бе супоридани имтиҳон мақоми адвокатӣ дошта бошанд. Аммо зарур дониста шуд, ки ислоҳот фарогири ҳамаи кормандони соҳаи адвокатура бошад ва адвокатҳо ба гурӯҳи собиқадорону навкорон ҷудо карда нашаванд, зеро шахсоне ҳастанд, ки воқеан собиқаи кори 10-15 сола доранд, аммо малакаву маҳорати онҳо қаноатбахш нест, дар баробари ҳамин ҷавононе ҳастанд, ки маҳорату малакаи хуби адвокатӣ доранд, аммо бинобар надоштани собиқаи корӣ ба маҳдудиятҳо дучор мешуданд. Соли 2009 вақте Кодекси мурофиавӣ-ҷиноятӣ бо тағйироту иловаҳо қабул гардид, тарафҳо аз ҷиҳати мавқеи мурофиавӣ баробар карда шуданд. Дар чунин ҳолат бояд аз нуқтаи назари шахсият ҳам тарафҳои мурофиа баробар карда мешуданд. Талабот нисбат ба прокурор ва ё судя хеле сахт аст, вале вақте рӯ ба рӯ бо прокурор ва ё судя шахсе мешинад, ки худаш қаблан ҷинояти одамкушӣ ва ё қаллобӣ содир кардааст ва дар баҳси мурофиаи судӣ бо прокурор иштирок мекунад, ин амал на ба мантиқ дуруст меояд, на аз рӯи одоб аст. Бинобар ҳамин зарур дониста шуд, ки модоме тарафҳо аз рӯи мавқеи мурофиавӣ дар як сатҳ қарор доранд, пас аз рӯи мавқеи шахсият низ бояд ҳам тарафи ҳимоя ва ҳам тарафи айбдоркунанда дар сатҳи баробар ҷойгир бошанд. Мутаассифона, ба ин тағйирот аз ҷониби баъзе доираҳо дигар хел баҳо дода шуд. Вале бояд гуфт, ки чунин тағйирот барои беҳтар кардани сифати фаъолияти адвокатҳо равона шудааст. Бояд гуфт, ки қаблан иттиҳодияҳои адвокатҳо ба вазорати адлия тааллуқ надошт ва вазорат наметавонист пурра аз фаъолияти онҳо хабардор бошад. Аммо дар як давраи кӯтоҳ аз болои фаъолияти адвокатҳо шикоятҳо хеле зиёд ворид шудаанд. Ҳам нисбат ба фаъолияти ғайириқаноатбахш ва ҳам нисбат ба қаллобии онҳо шикоятҳо ба номи вазорати адлия хеле зиёд расиданд.
Вақте давлат дар сатҳи Конститутсия кафолати расонидани ёрии ҳуқуқии босифатро ба шаҳрвандони худ додааст, бояд механизми назорат аз болои расонидани ин ёрии ҳуқуқии босифат низ бошад, зеро агар камбудӣ дар расонидани ёрии ҳуқуқӣ пайдо шуд, шаҳрванд ба мақомоти давлатӣ муроҷиат мекунад. Бинобар ҳамин метавон изҳор кард, ки мақсад аз ворид намудани тағйирот дар фаъолияти адвокатҳо баланд бардоштани сифати расонидани ёрии ҳуқуқӣ мебошад, зеро дар пушти фаъолияти адвокатҳо шаҳрвандони мамлакат қарор доранд».
Дар идомаи ҳамин мавзӯъ вазири адлия Рустам Шоҳмурод илова кард, ки: «Дар дигар давлатҳо кирдори интизомии адвокат боиси аз вазифа дур кардани ӯ мегардад. Яъне дар таъйин ва ё назорат аз болои фаъолияти адвокатҳо мушкилоти субъективӣ вуҷуд надорад. Хамаи тағйироту иловаҳои воридшуда ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» танҳо ба хотири беҳтар кардани фаъолияти адвокатҳо ва пуштибонӣ аз ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон равона шудааст.








14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Резервати биосферии «Ромит» ба макони писандидаи сайёҳон табдил ёфтааст
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
ИМКОНОТИ САЙЁҲӢ ДАР ЗАМИНАИ АРЗИШҲОИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ. Назаре ба муаррифии маконҳои сайёҳӣ
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон
ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД. Васфи зан — модар дар осори Мирзо Турсунзода
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷиро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад






