ДДҚ: Пардохти 40 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ барои ҳавасмандии донишҷӯён
Душанбе, 15.01.2016. (АМИТ “Ховар”).-Муҳаммад Шодиён, ректори Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Н.Хусрав дар ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаи фаъолият дар соли 2015 гуфт: Ҳадафи асосии устодони донишгоҳ таъмини босифати таълиму тарбияи мутахассисони рақобатпазир ба бозори меҳнат дар соҳаҳои мухталиф аз дараҷаи бакалавр то доктори илм, ворид шудан ба фазои ягонаи ҷаҳонии таҳсилот, корбасти тарзу усулҳои пешқадами таълим мебошад.
Дар соли гузашта се устоди донишгоҳ рисолаи докторӣ ва 12 нафар рисолаи номзадии худро дифоъ намуданд, ки онҳо асосан олимони илмҳои филология, таърих, физика-математика, техника, кимиё, сиёсатшиносӣ ва педагогика мебошанд.
Як самти асосии корҳои илмӣ-таҳқиқотии донишҷӯён- ин иштирок дар озмунҳои гуногун, аз ҷумла олимпиадаҳои фаннӣ мебошад. Дар озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» донишҷӯёни ДДҚ аз рӯи 12 ихтисос ширкат варзида, соҳиби ҷойҳои намоён гаштанд. Донишҷӯён Мавзуна Каримова, Нуъмон Бобомуродов, Мунира Ҷайлобова аз ихтисосҳои забон ва адабиёти тоҷик, физика-математика, астрономия ва химия-биология сазовори ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гардиданд. Дар ҷамъбасти озмун ДДҚ дар қатори чор мактаби олии беҳтарини мамлакат қарор гирифта, бо Дипломи Академияи илмҳои Тоҷикистон қадрдонӣ шуд.
Дар озмуни ҷумҳуриявии олимони ҷавон «Навовари беҳтарин» магистри ҳамин донишгоҳ Олим Сайдалиев бо лоиҳаи «Сохт ва тарзи кори трансформатори моеъгӣ» ҷойи аввалро соҳиб гашт.
Дар чемпионати кушоди Осиё оид ба карате байни 15 давлат, ки соли гузашта дар шаҳри Ҳуҷанди вилояти Суғд баргузор гардид, Сиёвуш Файзуллоев, донишҷӯи ҳамин донишгоҳ ҷойи якумро ишғол намуд.
Раёсати донишгоҳ барои ҳавасмандии донишҷӯён ва роҳбарони онҳо, ки дар олимпиадаю озмунҳо ширкат меварзанд, дар маҷмӯъ ба маблағи беш аз 40 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ додааст.
Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Н.Хусрав фарогири беш аз 12 ҳазор толибилм буда, аз рӯйи 45 ихтисос мутахассис омода месозад ва имрӯзҳо шогирдон дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ фаъолияти босамар доранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад






