ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд: қабулгоҳи ҷамъиятӣ фаъол аст
Душанбе, 14.01.2016. (АМИТ “Ховар”). — Дар назди кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд қабулгоҳи ҷамъиятӣ амал менамояд, ки ҳар ҳафта рӯзи шанбе шаҳрвандон барои ҳалли мушкилашон ба он муроҷиат менамоянд. Ин навбат дар қабулгоҳи мазкур вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии «Дӯстии халқҳо №24» Фаррух Бойматов ширкат варзида, муроҷиати шаҳрвандонро қабул намуд. Дар қабулгоҳи ҷамъиятӣ Фароғат Усмонова, истиқоматкунандаи маҳаллаи 32-уми шаҳри Хуҷанд оид ба таъмин намудан бо ҷойи кор, Зебо Раҳимова, иҷоранишини кӯчаи Ҳ. Карим, хонаи 50, ҳуҷраи 30, Зарина Собирова, истиқоматкунандаи кӯчаи М. Танбӯрӣ, хонаи 26, ҳуҷраи 13, маҷрӯҳи гурӯҳи дуюм ва Муяссар Абдуева, истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи Масҷиди Савр, кӯчаи Садоқат №5 оид ба гирифтани кумаки моддӣ муроҷиат намуданд. Вакили номбурда масъалаҳои баррасигардидаро ба инобат гирифта, ба ниёзмандон ёрии моддӣ расонид ва ба Фароғат Усмонова оид ба таъмин гардидан бо ҷойи корӣ ба мақомоти шуғли аҳолии шаҳри Хуҷанд роҳнамоӣ намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






