ХМ: Рӯйхати депортшудагон аз тариқи шабакаи интернет-онлайн санҷида мешавад

Январь 13, 2016 07:40

Душанбе, 13.01.2016. (АМИТ «Ховар»). -Кормандони Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ корҳои фаҳмондадиҳиро дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ бо шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки ба Федератсияи Русия равонанд, ҷоннок намуда истодаанд.
Имрўзҳо аз 90 то 120 шаҳрванди ҷумҳурӣ оид ба санҷиши маҷбуран берун кардан (депортация), иҷозаи кор ва патент дар Русия, ҷойҳои кории холӣ дар хориҷа, ба расмиятдарории ҳуҷҷатҳо, оид ба навоварӣ дар қонунгузории муҳоҷирати Федератсияи Русия, оид ба пардохти музди меҳнат, бедарак гаштани хешовандони наздик ва овардани онҳо ба Ватан муроҷиат менамоянд.
Ба ғайр аз ин, дар Хадамоти муҳоҷират рӯйхати шаҳрвандони берункардашудаи кишварамон, ки дар махзани иттилоотии Хадамоти Федералии муҳоҷирати Русия (ФМС РФ) ному насабашон ҳамарўза ворид мешаванд, мавҷуд мебошад, ва он аз тариқи шабакаи интернет-онлайн ба роҳ монда шудааст, ки кори хадамотро дучанд осон менамояд.

Январь 13, 2016 07:40

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд
Дар Душанбе нахустин Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои Тоҷикистон доир шуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Дар Душанбе иди бостонӣ ва миллии мо-Меҳргон бо шаҳомати хосса доир мегардад
Намояндагони Суди Олии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии судяҳо оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуданд
Оид ба стратегияи ҳамкории Тоҷикистон ва Корея машғулияти академӣ доир шуд
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бостоншиносӣ» баррасӣ гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Гурҷистон дар такмили низоми нафақа густариш меёбад