«Хуҷанд» тамринро дар Душанбе мегузаронад

Январь 29, 2016 08:01

Душанбе, 29.01.2016 (АМИТ «Ховар»). — Дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд марҳалаи дуввуми омодагиро ба бозиҳои Ҷоми КФО дирӯз дар майдони сеюми варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе оғоз кард. Футболбозони соҳили Сир шароити якхелеаи майдони ҳарифи худ «Аҳли Алхалил»-и Фаластинро ба назар гирифта, машқҳои худро ба Душанбе таҳвил доданд. Ба гуфти сармураббии даста Нӯъмон Юсупов варзишгоҳи Фаластин, ки вохӯрӣ дар он гузаронида мешавад, сунъӣ буда, барои одат кардани футболбозон ба чунин шароит роҳбарият ба хулоса омадааст, ки машқу тамринҳоро то 6 феврал дар ин майдон  гузаронида, ду бозии тачрибавӣ низ барпо намоянд. Вохӯрии аввали таҷрибавӣ пагоҳ дар соати 15 дар варзишгоҳи марказӣ бо чемпиони феълии Тоҷикистон «Истиқлол» ба вуқӯъ хоҳад пайваст. Дар бораи бозии дуввум ҳоло хабар нарасидааст. Рӯзи 6 феврал «Хуҷанд»  аз Душанбе ба Фаластин сафар мекунад.

 

Январь 29, 2016 08:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид