Ихтирои нодири Давлатшоев: Он метавонад норасоии барқро барҳам занад

Январь 9, 2016 13:06

Душанбе, 09.01.2016.(АМИТ «Ховар»).- Ҳамааш аз ҳодисаи таркиши неругоҳи атомии Чернобил сар шуд. Раҳматшоро шабу рӯз як андеша қарор намедод: оё мумкин нест, ки барои истеҳсоли неруи барқ воситаҳои бехавфро пайдо кард? «Бояд бошад!» бо боварӣ андешид ӯ. Аз ҳамон айём вай баробари ихтироъкориҳою навовариҳояш дар соҳаҳои техникаи хоҷагии қишлоқ, боғдорию нақлиёти автомобилӣ доимо дар андешаи бунёди неругоҳи барқии наве буд, ки ҳам барои экология безарар бошад ва ҳам дар шароити камобӣ ё набудани шамолу гармии офтоб бемалол барқ диҳад…

Раҳматшо Давлатшоев 20 майи соли 1939 дар деҳаи Вознавди ноҳияи Рӯшон ба дунё омадааст. То синфи 7-ум дар мактаби деҳа хонда, маълумоти миёнаро дар маркази ноҳия мегирад. Соли 1957 донишҷӯи техникуми механизатсия ва электрификатсияи хоҷагии қишлоқи шаҳри Қурғонтеппа мешавад. Баъди хатми техникум ҳамчун устои электровозҳои кони Тагоби ноҳияи Варзоб ба кор медарояд. Аз соли 1958 то соли 1961 механизатори совхози «Қабодиён»-и ноҳияи Ҷиликӯл шуда меҳнат мекунад. Соли 1961 ба факултети механизатсия ва электрификатсияи Донишгоҳи давлатии хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (имрӯза Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон) дохил шуда, онро соли 1966 бо баҳои хубу аъло хатм мекунад. Ӯро барои кор ба пойгоҳи санҷишии техникаи хоҷагии қишлоқи ноҳияи Ленин (ҳозира Рӯдакӣ) мефиристанд. Дар ин идора чанд сол вазифаи сармуҳандисиро ба уҳда мегирад. Солҳои 1984–1992 муҳандиси Кумитаи давлатии комплекси агросаноатӣ шуда кор мекунад. Як муддат челонгари карбюраторҳои базаи таксиҳои маҳаллаи ДОК-и шаҳри Душанбе низ шуда кор кардааст. Раҳматшо Давлатшоев солҳои 2005–2014 дар Донишгоҳи техникии Душанбе ба сифати омӯзгор ва мудири ташхисгоҳ фаъолият менамояд. Аз соли 1999 нафақахӯр аст. Сокини кӯчаи Сафедорони шаҳри Ваҳдат мебошад.Оиладор, соҳиби ду фарзанд.

— Дар деҳае, ки ман калон шудам, офтоб наменамояд, — мегӯяд ӯ, -зеро аз чор тараф кӯҳҳои осмонбӯс онро печондаанд. Мардум асосан ба чорводорӣ машғуланд. Лекин дигар зироат низ, аз кабили картошкаю пиёз ва меваю дигар намудҳои сабзавот рӯёнда мешаванд. Маҳсулоти чорво, хусусан шир барои саломатии инсон бисёр муфид аст. Ширчой майнаро инкишоф медиҳад, — ва бо шухӣ илова мекунад, — шояд ҳамон ширчойҳои дар айёми бачагӣ хӯрдаам маро ихтироъкор карда бошанд.

Шояд ҳамин тавр ҳам бошад. Соли 1958, дар синни 19, вақте ки ӯ ҳоло ягон маълумоти касбӣ надошт, барои осон шудани кори чорводорон аввалин навовариашро пешниҳод кард. Ҳангоми пашми гӯсфандонро тарошидан байни теғҳои мошинаи пашмтарошӣ ифлосӣ бисёр даромада, мошинаро зуд-зуд аз кор мемононд. Чорводорон маҷбур буданд, ки мошинаро ба қисмҳо ҷудо карда, тоза кунанд, боз онро ҷамъ оварда, баъд корашонро давом диҳанд. Раҳматшо таҷҳизотеро сохта, ба пеши теғҳои мошина гузошт, ки ифлосӣ камтар вориди дандонаҳо мегардид. Дар натиҷа кори чорводорон пешрав шуд.

Вақте аз акаи Раҳматшо шумораи ихтирою навовариҳояшро пурсон шудам, гуфт, ки шумораашонро намедонад. Онҳо, асосан, дар соҳаҳои боғдорию чорводорӣ, техникаи хоҷагии қишлоқу нақлиёти автомобилӣ ва дастгоҳҳои барқианд. Ба чордаҳ ихтироаш шаҳодатномаи муаллифии ихтироъкории байналхалқӣ дорад.

Яке аз аввалин ихтироъҳояш соли 1985 дар ҳамкорӣ бо ҷиянаш Дешо Давлатшоев мебошад, ки «Система питания двигателя внутреннего сгорания» («Шабакаи таъминоти сӯзишвории муҳаррикҳои дарунсӯз») унвон дошта, баъди тасдиқ дар истеҳсолот ҷорӣ гардид. Барои ин ихтироъ моҳи декабри соли 1986 аз тарафи Кумитаи давлатии СССР оид ба корҳои ихтироъкорию кашфиёт бо шаҳодатномаи ихтироъкории №1302003, нишони «Ихтироъкори СССР» ва як хонаи 2-ҳуҷрагию 10 ҳазор сӯм пул сарфароз гардонда шуд.

— Ин чӣ гуна ихтирое буд?-пурсидам аз Раҳматшо Давлатшоев.

Дар шарҳи ихтироъ чунин посух дод: ҳангоми гармшавии муҳаррики мошин бухоршавӣ ва харҷи сӯзишворӣ зиёд мегардад. Аз ин ҳолат бӯғшавии бензин дар ҳавзчаи карбюратор ба амал омада, ҳаракати мошинро дар нишебиҳо афзуда, боздоштани мошин душвортар мегардад. Дар ин ҳолат ронанда аз педали тормоз бештар истифода мебарад, ки ин боиси баланд гаштани ҳарорати дохили чархгир ва баъзан сар задани сӯхтор дар чархҳо низ мегардад. Барои кам кардани бухоршавии бензин Раҳматшо дар карбюратор зарфи хунуккуние илова намуд. Тавассути найчаи мустаҳками резинӣ бухори бензинро аз ҳавзчаи дохили корбюратор ба дохили он зарф равон кард. Бухори аз бензин пайдошуда дар дохили зарфи хунуккунӣ сард шуда, ҳангоми педали  газро зер кардани ронанда он бухори хунукшуда тавассути ҳамон найча боз ба ҳавзчаи дохили карбюратор баргашта, рӯи бензини гармро пӯшонда, онро аз бухоршавии зиёд бозмедорад. Дар истеҳсолот ҷорӣ гаштани ин ихтироъ ҳам харҷи барзиёди сӯзишворирою ҳам бухоршавии заҳри аз сӯзишворӣ ҳосилшударо ба атроф кам ва ҳам боздоштани мошинро дар нишебиҳо осон кард. Пештар ронандагон барои хунук кардани карбюратор латтаи тарро истифода мебурданд.

Раҳматшо Давлатшоев ихтироъҳои зиёде кардааст. Барои ин корҳояш бо медалҳои  «Барои хизмати шоён», «100-солагии В. И. Ленин», нишони Ҷамъияти умумииттифоқии ихтирою навоварӣ ва коршиносони техникии Донишгоҳи техникии СССР, нишони Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад», нишони «Ихтироъкори СССР» ва чандин диплому ифтихорномаҳо сарфароз гардонда шудааст. Имрӯз ҳам сараш пур аз пешниҳоду илеяҳои нав аст. Агар лаҳзае бо ӯ ҳамсуҳбат шавед, мебинед, ки дар як муддати кӯтоҳ чанд фикри нав, агар мавзӯи суҳбат техника, нақлиёт ва ё соҳаи барқ бошад, чанд навоварӣ мегӯяд. Боре ҳангоми суҳбат дар идораи рӯзнома чанд нафари дигар низ ҳузур доштанд, мавзӯи гап сӯи мушкилоти ба сари ширкати истеҳсоли  «Мерседес»-и Олмон тоб хӯрд. Яке аз он ҷо будагон гуфт, ки аз сабаби бухори аз меъёр зиёди гази заҳрнок дигар давлатҳо хариди «Мерседес»-ро кам кардаанд ва мошинҳои харидаашонро баргардондаанд. Раҳматшо, ки он ҷо ҳузур дошт, гуфт, ки ҳалли ин мушкилот барои ман ду карат ду аст. Ва албатта, ӯ бе асосу бовар сухан намегӯяд. Ин сухани Раҳматшо Давлатшоев ҳолатеро ба ёдам овард, ки беморе барои табобати дардаш дари садҳо духтурро мекӯбаду садҳо сомонӣ маблағро сарф мекунад, вале баъд мефаҳмад, ки шифои дардаш як гиёҳаки лаби ҷӯйбори пеши хонааш будааст. Шояд бемор ҳамон ширкати мошинбарории «Мерседес»-и Олмон бошад, Раҳматшо Давлатшоев ҳамон гиёҳаки лаби ҷӯйбори назди ҳавлиамон.

Раҳматшо Давлатшоев инсони аҷибе аст. Бо нафақа рӯз мегузаронад. Баъзан ҳамон нафақаашро ҳам сари вақт намегирад. Вале бо як порча нони хушк қаноат мекунад. Инсондӯст аст. Танҳо ба манфиати ҷамъият фикр мекунад. Ҳамеша мехоҳад коре кунад, ки ба мардум нафъе биёрад. Дар баробари ҳамаи ин, акаи Раҳматшо чагдин сол мешавад, ки донор аст. Дар ҷайбаш дафтарчаи «Донори ифтихории Тоҷикистон»-ро дорад. – Ин дафтарчаро ба ман худи Президент супоридагӣ, -мегӯяд бо ифтихор Раҳматшо Давлатшоев. Ба ақидаи ӯ, хуне, ки дар тӯли ин  муддат супоридааст, 55 нафар беморро наҷот додааст…

Бо вуҷуди ин қадар ихтирою навовариҳо андешаи бунёди истгоҳи барқии бехавфу пурсамар муддатҳои зиёд аз сараш дур намешуд. Соли 2002 ҷавҳари ҳалли ин масъаларо дарёфт. Чандин намуд нақша кашид. Ҳатто дар бораи чи тарз истодани генератори барқистеҳсолкунанда низ андешид. Он бояд амудӣ истад, зеро дар ҳолати ба таври уфуқӣ истодани генератор, ҳангоми кор кардан ларзиш пайдо шуда, онро тез аз кор мебарорад. Дар ҳолати амудӣ истодан дар он ларзиш нест мешавад.

Ниҳоят нақшаи бунёди истгоҳи барқ омода гардид. Барои барқ истеҳсол кардани он об, атом ва шамолу неруи офтоб лозим нест. Ба қавле, аз ҳеҷ чиз неруи барқ истеҳсол кардаю онро дар ҳама ҷо ва ҳар гуна шароиту иқлим истифода бурдан мумкин аст. Ҳатто, дар киштиҳои зериобӣ ба ҷойи неруи барқи атомӣ, ки хеле хатарнок аст, аз ин дастгоҳи барқ бемалол истифода бурдан мумкин.

Раҳматшо Давлатшоев ин ихтироашро баъди аз таҳлилу санҷишҳои зиёд гузаштан соли 2005 дар Кумитаи ихтироъ ва кашфиёти назди Ҳукумати Федератсия Русия тасдиқ кунонда, ба қайд мононд. Баъд дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон шакли хурди 12-волтаи онро сохта нишон дод. Вале дар сохтани намунаи саноатии он (барои истеҳсоли ақаллан истгоҳи яккиловатт неруи барқ) мушкилӣ мекашад. Мушкилӣ дар дарёфти маблағ.

— Ҳамагӣ 10-11 ҳазор сомонӣ лозим аст, ки ман худам истгоҳи яккиловаттаи барқистеҳсолкуниро бисозам, — мегӯяд ӯ. — Ба чандин соҳибкорону идораҳо барои маблағ муроҷиат кардам. Вале маблағ дастрас нагардид.

— Он чӣ гуна истгоҳи барқӣ аст, ки аз ҳеҷ чиз барқ истеҳсол мекунад? Дар ин рӯзҳое ки мо аз нарасидани нерӯи барқ танқисӣ мекашем, ин бисёр аҷиб аст, – мегӯям ба акаи Раҳматшо Давлатшоев.

— Ин бисёр оддӣ аст, — мегӯяд бо табассум ӯ. – Барои истеҳсоли барқ дар истгоҳи ихтироъкардаи ман на обу на шамол ва на гармии офтобу на атом лозим аст. Ва ӯ нақшаи омодакардаашро рӯи миз гузошта, ба ман мефаҳмонад. Он нақша дар назар бисёр одӣ аст. Ба мисли як камерае, ки болояш лӯлаи дудбаро дорад. Ва мефаҳмонад: дар дохили ин камера шамолдиҳак насб шудааст. Дар болои он, рӯ ба рӯи шамолдиҳак парраҳои генератор меистад. Шамолдиҳак дар аввал, мисли мошин, тавассути манбаи барқ (аккумулятор) ба кор даромада, шамол медиҳад. Шамоли ҳосилшуда парраҳои генераторро тоб медиҳаду тавассути қубури ба боло ростшуда баромада меравад. Парраҳои генератор, ки тоб хӯрд, барқ ҳосил мешавад. Ва ҳамин тавр, мисли занҷира, аз барқи ҳосилшуда ҳам истифода бурдан мумкин ва ҳам аккумулятор қувват гирифта, шамолдиҳакро тоб додан мегирад. Бисёр одӣ. Барои инро ёфтан фақат ақлу дониш лозим аст.

— Ана, дар сохтани ҳамин як чизаки оддӣ маблағи зарурӣ наёфта истодаам, — мегӯяд ихтироъкор бо таассуф. — Агар маблағ мебуд, ман шакли неругоҳи яккиловаттаро сохта, пешкаш мекардаму баъд намуди бузурги онро ҳукумат ва ё соҳибкорон метавонистанд дар заводҳо фармоиш диҳанд. Бовар дорам, ки бо амалӣ гаштани ин ихтироъ метавонем, мушкилоти барқро дар ҷумҳуриамон ва ҳатто дигар ҷумҳуриҳо ҳал намоем.

Мо низ умеду бовар дорем, ки рӯзе мерасаду ихтирои фарзанди тоҷик ба ҷаҳониён муаррифӣ хоҳад гашт…

Таҳияи Ҳотам Рабиев

 

 

Январь 9, 2016 13:06

Хабарҳои дигари ин бахш

«МАН БА МАРДУМИ ТОҶИК ҲАВАС МЕБАРАМ, КИ ДАР ЧУНИН ТАБИАТИ ЗЕБО УМР БА САР МЕБАРАНД…». Таассуроти меҳмонон ва иштирокдорони Конфронси сеюми оби Душанбе аз тамошои манзараҳои Тоҷикистон
ИҚДОМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ҶОМЕАИ ҶАҲОНРО БА ҲАМ ОВАРД! Таассуроти меҳмонон ва иштирокдорони Конфронси сеюми оби Душанбе аз тамошои дараи Ромит
ТОҶИКИСТОН — ШВЕЙТСАРИЯИ ДУЮМ. Меҳмонон ва иштирокдорони Конфронси оби Душанбе аз тамошои манзараҳои дилфиреби Варзоб, хусусан оби мусаффои дарёи Сиёма ангушти ҳайрат газиданд
ИЛМ АҲЛИ ЗИЁРО БА СӮИ ДАСТОВАРДҲОИ БЕНАЗИР РАҲНАМОӢ МЕНАМОЯД. Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо аҳли илм ва маорифи мамлакат
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Намояндаи Ироқ Ҳотам Ҳусейн: «Шумораи зиёди электромобилҳо дар Душанбе аз тадбирҳои тоза нигоҳ доштани муҳити зист дарак медиҳад»
«ТОҶИКИСТОНРО ЧУН БИҲИШТИ РӮИ ЗАМИН ДАРЁФТЕМ». Бардошти меҳмонон пас аз шиносоӣ бо сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун»
Сарвазири Ҷумҳурии Габон Раймон Сима ба захираҳои бузурги обии Тоҷикистон баҳои баланд дод
Меҳмон аз Буркино Фасои Африқо Диало Блами: «Орзуи бо дӯстонам дубора ба Тоҷикистон омаданро дорам»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Хабарнигор аз Африқо Омва Баблин: «Тоҷикистон дар раванди ҳалли мушкилоти обу иқлим саҳми арзанда гузоштааст»
ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН-ТАШАББУСКОРИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ ОБ. Андешаҳои иштирокдорони Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд дар ин хусус
Директори идоракунӣ ва банақшагирии Девони вазирони Замбия Йенгве Какуса: «Мафтуни табиати зебою нотакрори Тоҷикистон гаштам»
«БАРНОМАИ РУШДИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ БАРОИ СОЛҲОИ 2020-2030». Давоми чор соли фаъолияти он кадом натиҷаҳо ба даст омаданд ва чӣ мушкилот дар ин самт мавҷуд аст?