«Истиқлол» бо ду бозингараш падруд гуфт
Душанбе, 28.01.2016 (АМИТ «Ховар»). — Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бо ду бозигари худ Хуршед Маҳмудов, ки ду соли охир дар ҳайати даста ҳунарнамоӣ карда, соли гузашта ба ҳайси беҳтарин нимҳимоятгари Тоҷикистон шинохта шуд ва Хосе Балестер, бозингари испании даста шартномаи худро тамдид накард ва акнун ин бозингарон озодона метавонанд бо ҳар дастае, ки хоҳанд, дар мавсими ҷадид аҳдномаи худро ба имзо расонанд. Роҳбарияти дастаи «Истиқлол» аз ин пештар бо як зумра бозингарони худ шартномаашро ба имзо нарасонид ва аллакай Алишер Тӯйчиев ва Эраҷ Раҷабов ба ҳайати дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд шомил шуданд. «Истиқлол» дар навбати худ бо чор нафар бозингарони тими мунтахаби ҷавонони кишвар Ҷаҳонгир Алиев, Нозим Бобоҷонов, Эмомалӣ Сониев ва Фариддун Шарипов ба муҳлати се сол шартномаи худро ба имзо расонида, ҳайати худро хеле ҷавон кард.








КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






