Кӯлоб: баррасии 169 парвандаи ҷиноятӣ
Кӯлоб 15.01.2016 (АМИТ «Ховар» )- Дар давоми соли 2015 аз 169 парвандаи ҷиноятӣ 48 парванда барои баррасӣ ба суди минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон вогузор шудааст. Аз шумораи парвандаҳои баррасишуда 48 парванда бо баровардани ҳукм нисбат ба 65 нафар баррасӣ гардида, нисбат ба 2 нафар парванда бо сабаби пушаймонӣ аз кирдор қатъ шуд ва парванда ба тафтишоти иловагӣ баргардонида шудааст. То ин давра оид ба ҳолати куштор 6 парванда бо моддаи 104, нашъамандӣ 16 парванда бо моддаи 200, порахӯрӣ 1 парванда бо моддаи 319, таҷовуз ба номус 4 парванда бо моддаи 138, қаллобӣ 5 парванда бо моддаи 247, авбошӣ 3 парванда бо моддаи 237 ва дигар парвандаҳои ҷиноятӣ баррасӣ гардиданд. Вобаста ба парвандаҳои баррасигардида нисбат ба 1 нафар маҳкумшуда ҷазои якумра, нисбат ба 49 нафар ҷазои аз озодӣ маҳрум кардан, нисбат ба 5 нафар бо дастрасии моддаи 71 КҶ ҶТ ва дигар ҷазоҳои маъмурӣ таъйин шуданд. Нисбат ба 2 нафар — Абдурасул Шукуров аз вилояти Суғд ва Абдулло Муродов аз шаҳри Кӯлоб, ки дар Сурия ба гурӯҳҳои ифротгаро шомил мебошанд, бо моддаи 307 қисми 2 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






