Марҳабо Ҷабборӣ ба нафақа баромад
Душанбе, 27.01.2016. (АМИТ “Ховар”). — Марҳабо Ҷабборӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби расидан ба синни нафақа аз вазифаи муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки Марҳабо Ҷабборӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 ноябри соли 2013 муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида буд.
Ёдовар мешавем, ки Марҳабо Ҷабборӣ солҳои 1996-2003 дар вазифаи дотсент, профессор, ноиби Ректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия оид ба илм ва то соли 2010 дар мансаби ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Аз марти соли 2010 ба ҳайси Раиси Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият кардааст.
Бо ордени «Шараф» дараҷаи 1 сарфароз гардида, аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.