Маскав иддаои Эрдуғонро рад кард
Душанбе, 15.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Русия бо рад кардани суханони Раҷаб Тайиб Эрдуғон, Раиси Ҷумҳурии Туркия оид ба таъсиси як Сурияи хурд онро сохта ва як тахайюлот Эрдуғон тавсиф кард.
Мария Захарова, сухангўи Вазорати корҳои хориҷии Русия рўзи панҷшанбе гуфт: «Онҳо достонсароӣ мекунанд, воқеъан феъли дигаре наметавон ба кор бурд».
Раҷаб Тайиб Эрдуғон рўзи сешанбе гуфт, Русия дар ҳоли заминасозӣ барои эҷоди як Сурияи хурд дар атрофи вилояти Лозиқияи Сурия дар ҳамсоягии Туркия мебошад.
Раиси Ҷумҳурии Туркия бори дигар бо такрори суханони қаблии худ гуфт, амалиёти ҳавоии Русия дар Сурия, ки моҳи сентябри соли гузашта ба дархости расмии Димишқ анҷом гирифта буд, ҳадафи дигар ғайр аз мубориза бо гурӯҳи ДОИШ дорад.
Мария Захарова, сухангўи Вазорати корҳои хориҷии Русия зимни пойбандии Русия ба ҳифзи тамомияти арзӣ дар идома афзуд: «Русия бар хилофи Анқара ҳадафҳои «мушаххас ва шаффофе»-ро дар Ховари миёна дунбол мекунад».
Вай бори дигар бо муттаҳам кардани Туркия ба ҳимоят аз террористони фаъол дар Сурия гуфт: «Туркия саргарми як бозии пинҳон дар минтақа аст ва манфиатҳои худро дунбол мекунад».








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






