Муовини cарвазир: Сохтмони марҳилаи дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 мувофиқи нақша, вале омодасозии анбори захираи ангишт ғайриқаноатбахш аст

Январь 25, 2016 16:59

Душанбе, 25.01.2016. (АМИТ «Ховар»). -Муовини сарвазири мамлакат Азим Иброҳим бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар лоиҳаи сохтмони навбати дуюми МБГ Душанбе — 2, ки анҷоми он тирамоҳи соли равон бо иқтидори 300 мВт ба нақша гирифта шудааст, шинос шуд.
Тавре ки иттилоъ дода шуд, корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот, тибқи нақшаи кории қаблан тасдиқгардида идома дошта, ба истифода додани он дар муҳлати пешбинишуда таъмин хоҳад гардид.
Муовини сарвазир махсус таъкид намуд, ки ҳавотозакунандаҳои бинои марказ бояд дар як вақт баробари иҷро гардидани корҳои сохтмонӣ васл гарданд. Бо ин тартиб, баъди ба истифода додани иқтидорҳои иловагии барқистеҳсолкунанда набояд ба муҳити зист аз фаъолияти Маркази барқу гармидиҳӣ таъсири бад расонида шавад.
Илова бар ин, супориш дода шуд, ки бо мақсади ба маротиб коҳиш додани хароҷоти корҳои ангишткашонӣ тавассути нақлиёт аз анбор то ба оташдонҳои Маркази барқу гармидиҳӣ, лоиҳаи усули интиқоли танобию зарфии ангиштро аз анбор, яъне аз соҳили чапи дарёи Варзоб то ба оташдонҳои марказ таҳия карда, барои мувофиқа пешниҳод намоянд. Бо амалӣ намудани лоиҳаи интиқоли ангишт тавассути усули танобию зарфӣ имконият фароҳам оварда хоҳад шуд, ки ҳаракати нақлиёти ангишткашон дар ин қисмати шаҳр коҳиш ёфта, таъсир ба муҳити зист низ камтар шавад.
Муовини сарвазир махсус таъкид намуд, ки корҳо дар самти сохтмони анбори ангишт ғайриқаноатбахш ба роҳ монда шуда, ҷараёни омодагиҳоро наметавон ҳамчун омодагии арзанда баҳогузорӣ намуд. Масъулини соҳа нағз дар хотир доранд, ки мавсими сармои солҳои 2013-2014 захираи ангишт аз шиддатнокии сармо ях карда, имкони то як ҳафта кашонидани ангишт ба Маркази барқу гармидиҳӣ аз байн рафта буд.
Вобаста ба ин, ба масъулини соҳа супориш дода шуд, ки барои сари вақт ба истифода додани анборҳои захира ва нигоҳдошти ангишт тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.

Январь 25, 2016 16:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад