Мусовии тими мунтахаби футзали Тоҷикистон бо Ӯзбекистон

Январь 28, 2016 17:02

Душанбе, 28.01.2016 (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар идомаи омодагӣ ба бозиҳои ниҳоии Ҷоми Осиё дидори дӯстонаи худро бо тими мунтахаби футзали Ӯзбекистон дар шаҳри Тошкент баргузор карда, натиҷаи мусовии 1 бар 1-ро комёб шуд. Ба голи задаи Нодир Элибоев дар дақикаи 7-ум Дилшод Саломов аз дастаи мунтахаби кишварамон ҷавоб дод. Боз як вохӯрии таҷрибавии ин дастаҳо пагоҳ баргузор мешавад.
Ёдрас мешавем, ки бозиҳои ниҳоии Ҷоми Осиё аз футзал аз 10 то 21-уми феврал дар шаҳри Тошканд ҷараён мегиранд ва дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» бо тимҳои мунтахаби Таиланд(11-феврал), Ветнам(13-феврал) ва Тайбейи Чин(15-феврал) дар як гурӯҳ барои суъуд кардан ба бозиҳои минбаъда вориди рақобат мешавад.

Январь 28, 2016 17:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хуҷанд чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ҷамъбаст гардид
«PANDA CUP 2026». Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо дастаи Чин мусовӣ бозӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба финали Кing’s Сup 2026» баромад
Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод