Ҷомеаи солим аз оилаи солим ва насли солим сарчашма мегирад

Январь 6, 2016 08:32

Душанбе, 06.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — «Ҷомеаи солим аз оилаи солим ва насли солим ташаккул меёбад. Вобаста ба ин, пешниҳод менамоям, ки соли 2015 дар кишвар “Соли оила” эълон карда шавад». Аз Паёми соли 2015.

Дар доираи эълон гардидани “Соли оила” дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ чорабиниҳои мухталифи маърифативу фарҳангӣ зери унвони “Оилаи хушбахт — бидуни зўроварӣ”, “Оила — адабгоҳи муҳаббат”, “Суфраи бону”, “Модар чароғи оила”, “Хушдомани беҳтарин ва келини беҳтарин”, “Кадбонуи беҳтарин”, “Тозагӣ гарави саломатӣ”, “Оила — ошёни меҳр”, “Модар чӣ гуна — духтар намуна” ва саҳначаҳои ҷолиб дар мавзўи “Келину хушдоман”, “Хушдомани золим”, “Хушдоман — домани хуш барои келин”, “Келин — пайи хушдоман”, “Арўси арзанда” байни донишҷўдухтарони макотиби олӣ, омўзишгоҳҳо, литсейҳои касбӣ — техникӣ, мактабҳои таҳсилоти умумӣ гузаронида шуда, ғолибон бо туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд.
Тибқи иттилои Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд моҳи октябри соли равон дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Истаравшан, Қайроққум, Конибодом, Ғончӣ, Ҷ. Расулов, Айнӣ, Ашт чорабинии адабӣ-фарҳангӣ таҳти унвони “Оилаи хушбахт” гузаронида шуд. Инчунин бахшида ба “Соли оила” озмуни вилоятии “Оилаи намунавии соли 2015” муқаррар гардида, даври аввали озмун дар 18 шаҳру ноҳияҳои вилоят гузаронида шуд. Ҳамчунин дар шаҳру ноҳияҳои вилоят гурўҳи кории раёсат дар ҳамбастагӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои дахлдор дар мавзўъҳои “Давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад”, “Баробарии гендерӣ”, “Зану мард баробарҳуқуқанд”, “Поймол кардани ҳуқуқи зан хушунат аст”, “Занҳо созандаанд, на сўзанда” бо ҷалби қишрҳои гуногуни ҷомеа вохўриҳо доир шуданд. Ҳамчунин дар ноҳияҳои Ашт ва Кўҳистони Мастчоҳ тренингҳои психологӣ бо ҷавонписарон ва ҷавондухтарон дар мавзўҳои “Хушбахтии инсон дар дасти худи ўст” ва “Асрори хушбахтии оила” бо мақсади омода намудани онҳо ба бунёди оилаи солим баргузор гардиданд. Дар тренингҳо равоншиноси назди Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят ва кормандони Ташкилоти ҷамъиятии “Сарчашма” ширкат варзида, саволу ҷавоб ва саҳначаҳои ҷолиб доир намуданд.
Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон дар 15 шаҳру ноҳияи вилоят бо фарогирии 6930 нафар бо иштироки оилаҳои беҳтарину намунавӣ чорабиниҳои маърифативу фарҳангӣ зери унвони “Оилаи хушбахт” доир кард. Дар Китобхонаи миллӣ ба муносибати таҷлили “Соли оила” ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, таҳкими оила, танзими муносибатҳои оилавӣ ва риояи танзиму расму оинҳо бо иштироки олимону нависандагон ва кормандони Китобхонаи миллӣ ва Кумитаи кор бо занон ва оила мизи мудаввар доир гардид.
Дар шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим, Роштқалъа ва Шуғнони вилояти Бадахшон мизҳои мудаввар таҳти унвони “Оила — пойдевори миллат” доир гардиданд. Инчунин дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят таҳти унвони “Лаҳзаҳои ширини зиндагӣ” оид ба рўзгори оилаҳои намунавӣ чорабиниҳои фарҳангӣ гузаронида шуданд.
Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар доираи “Соли оила” конфронсу мизҳои мудаввар таҳти унвони “Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад”, “Ташаккули маърифати оиладорӣ — омили рушди устувори ҷомеа”, “Пайки меҳр”, “Нақш ва таъсири оила дар равандҳои сиёсии ҷомеа ва давлати демократӣ” дар ноҳияҳои Қумсангир, Шӯрообод, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Мўъминобод гузаронида шуданд. Ҳамчунин мизи мудаввар дар мавзўи “Нақш ва таъсири оила дар таълиму тарбияи фарзанд ва равандҳои сиёсии ҷомеа” бо иштироки намояндагони ноҳияҳои Фархор, Хуросон, Абдураҳмони Ҷомӣ, Темурмалик, Ёвон, Данғара, Балҷувон, Бохтар, шаҳрҳои Қурғонтеппа ва Норак баргузор гардид.

 

Январь 6, 2016 08:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Брюссел дастовардҳои Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон муаррифӣ шуданд
Дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба аъзои беҳтарини Лигаи ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол доир гардид
Ҳунармандони Беларус ба сокинони шаҳри Ҳисор барномаи фарҳангӣ пешниҳод намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон масоили мубориза бо экстремизм ва терроризм баррасӣ шуд
Барои хизматчиёни давлатӣ машғулияти такмили ихтисос гузаронида шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 20 дараҷа гарм мешавад
Дар Хуҷанд вобаста ба масъалаҳои мубрами маърифати ҳуқуқӣ дар шароити муосир конференсия баргузор гардид
Дар шаҳри Бӯстон ҷаласаи гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Сангвор 17 манзили истиқоматӣ супорида шуд
COP29 бо қадамҳои муҳим дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим ва лоиҳаи нави маблағгузорӣ ба анҷом расид
Мактаб–интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим ва Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони ноҳияи Ёвон бо гармӣ таъмин мебошанд