Рақобати навбатии «Истиқлол» бо «Хуҷанд»
Душанбе, 27.01.2016 (АМИТ «Ховар»). -Ду дастаи иштирокдори Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё «Истиқлол»-и Душанбе ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд рӯзи 29 январ дар варзишгоҳи марказии пойтахт вохӯрии таҷрибавии навбатии худро барпо мекунанд. Аз ин пештар дар вилояти Суғд, дар шаҳри Қайроққум ду вохӯрии ин дастаҳо бо ҳисоби 1 бар 1 ва 2 бар 2 мусовӣ ҷамъбаст шуд. Дар ҳайати ҳар ду даста бозингарони зиёд аз кишварҳои дуру наздик барои ба ҳайати тимҳо шомил шудан аз назари мураббиён мегузаранд.
Ёдовар мешавем, ки «Хуҷанд» алакай рӯзи 9 феврал дар сафар барои роҳхат гирифтан ба бозиҳои гурӯҳии Ҷоми КФО бо клуби «Аҳли Алхалил»-и Фаластин вориди майдон мешавад. «Истиклол» аввалин вохӯрии худро дар шаҳри Душанбе бо тими «Алфайсалӣ»-и Урдун баргузор мекунад.








Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид






