Роҳбарони нав дар Кумитаи кор бо занон ва оила, ДДЗТ, “Тоҷик эйр”, фурудгоҳи Душанбе ва дигар мақомоти давлатӣ
Душанбе, 27.01.2016. (АМИТ “Ховар”). — Хидирзода Махфират Умар аз вазифаи раиси Кумитаи кор бо занон ва оила озод ва дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини раиси вилояти Хатлон таъин гардид.
Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосимзода Идигул Тағо аз вазифаи ректори Донишкадаи Давлатии Забонҳои Тоҷикистон озод ва раиси Кумитаи кор бо занон ва оила таъин карда шуд.
Ба вазифаи ректори Донишкадаи Давлатии Забонҳои Тоҷикистон Раҷабзода Маҳмадулло таъин гардид.
Ҳамчунин Вализода Рустам Файз муовини вазири нақлиёт, Абдуллозода Исматулло Файзулло директори генералии ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” ва Раҳимов Хайрулло Зубайдуллоевич директори генералии ҶСК “Тоҷик Эйр” таъин гардида, Халиков Рустам Исупович аз вазифаҳои директори генералии ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” ва директори генералии ҶСК “Тоҷик Эйр” озод карда шуд.
Шерзода Ситора Маннон бо сабаби расидан ба синни нафақа аз вазифаи муовини раиси вилояти Хатлон озод гардид.
Ҳамчунин дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номзадии Кабиров Мизроб Саидович ба вазифаи роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.








ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Масъалаи зиёд намудани сармоягузорӣ ба татбиқи Неругоҳи барқи обии «Роғун» баррасӣ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави якчанд давлат эътимоднома қабул намуданд
ЭЪЛОН! Бақайдгирии намояндагони воситаҳои ахбори омма барои инъикоси Конфронси сеюми оби Душанбе оғоз шуд
Нахустин ҷаласаи кории ҳайати комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм фурӯғи маърифат» дар соли 2024 баргузор гардид






