Роман Пилипчук: «Аз хати муҳофизат ва дарвозабон дар ташвишам»

Январь 13, 2016 14:36

Душанбе, 13.01.2016 (АМИТ «Ховар»). — Дастаи мунтахаби то 22 солаи мамлакат марҳалаи дуввуми тайёриро ба бозиҳои «Ҷоми Иттиҳод-2016» ба анҷом расонд. Дар ин давра дар се бозии санҷишӣ шогирдони мутахассиси украинӣ Роман Пилипчук бозии ҷолиб нишон дода, бо дастаи мунтахаби то 16 -сола 0 бар 0, бо КМВА «Помир» 1 бар 1 натиҷаи мусовиро комёб шуда, бар чемпиони мамлакат, клуби футболи «Истиқлол» бо натиҷаи 2 бар 1 пирӯз шудаанд. Дар мусоҳиба ба хабарнигори «Ховар» сармураббии даста Роман Пилипчук арз кард,ки: «Тими мунтахаби Тоҷикистон ба бозиҳои «Ҷоми Иттиҳод» хуб тайёрӣ дидааст ва дар назди футболбозон мақсади ғалаба кардан дар ҳар бозӣ гузошта шудааст, аммо хати ҳимоя ва дарвозабон метавонанд дар амалӣ шудани ин мақсад халал расонанд. Дараҷаи бозии дастаҳои мунтахаби дар гурӯҳбударо ба хубу бад ҷудо кардан нашояд. Онҳо ҳама баробаранд ва аз ин рӯ дастае, ки сарҷамъона бозӣ мекунад, дар бозӣ ғалаба мекунад ва ба мақсади худ мерасад».
Ёдрас мешавем, ки дастаи мунтахаби кишварамон 17 январ ба шаҳри Санкт -Петербург сафар карда, бо дастаи мунтахаби Русия рӯзи 17 январ, бо Эстония 19 январ ва бо Литва 21 январ вохӯриҳояшро барпо мекунад.

Январь 13, 2016 14:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид