Санаи баргузории раъйпурсӣ баъд аз хулосаи Суди конститутсионӣ муайян мегардад

Январь 22, 2016 14:25

Душанбе, 22.01.2016.(АМИТ „Ховар“).- Санаи баргузории раъйпурсӣ дар Тоҷикистон дар мавриди ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз хулосаи Суди конститутсионии кишвар муайян мегардад,-зикр кард Шукурҷон Зуҳуров -раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ зимни баррасии пешниҳоди аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон „Оид ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон“ ва таъйини раъйпурсӣ, ки имрӯз дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми палатаи поёнии кишвар -Маҷлиси намояндагон муҳокима гардид.
Маҳмадалӣ Ватанзода -раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон дар назди вакилон доир ба моҳияти ин пешниҳод дар мавриди ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъйини раъйпурсӣ ибрози назар намуд. Мавсуф зикр кард, ки лоиҳаи «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо риояи талаботи моддаҳои 58 ва 99 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 9 ва 10 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади такмили меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Ба андешаи Ватанзода рушди муттасил ва сатҳи имрӯзаи ҷомеа тақозо менамояд, ки меъёрҳои Конститусияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста баҳри таъмини инкишофи бемайлони сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ такмил дода шаванд.
Таъкид гардид, ки мақсади пешниҳоди лоиҳа мушаххас намудани меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла возеҳу равшан нишон додани шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, таҳкими масъулияти падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон, талабот нисбат ба аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Ҳукумат, судяҳо, тартиби тафсири Конститутсия, мушаххас намудани салоҳиятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра иборат мебошад. Аз ҷумла, пешниҳод мегардад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Ҳукумат ва судяҳо танҳо шахсоне буда метавонанд, ки шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошанд. Раиси Кумитаи палатаи поёнии кишвар афзуд, ки бо назардошти таҳаввулоти босуръати рушди ҷомеа, татбиқи сиёсати давлатии ҷалби бештари ҷавонон дар идоракунии давлатӣ пешниҳод мегардад, ки барои ишғоли мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои давлативу ҳукуматӣ шароит ва дастрасии беҳтар муқаррар карда шавад.
Инчунин барои таъмини ваҳдату субот дар давлат, ҳифзи арзишҳои миллӣ аз таъсири унсурҳои бегона, алалхусус равандҳои дорои хусусияти ифротгароиву бегонапарастӣ, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ба мафкураи ҷавонон таъсири манфӣ мерасонанд, пешниҳод мегардад, ки фаъолияти ҳизбҳои сиёсии давлатҳои хориҷӣ, таъсиси ҳизбҳои дорои хусусияти миллӣ ва динӣ манъ карда шуда, ба маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ роҳ дода нашавад.
Маҳмадалӣ Ватанзода зарурати дигари ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳам мутобиқ намудани меъёрҳои Қонуни асосӣ ва истилоҳоту меъёрҳои санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ арзёбӣ намуд. Тағйиру иловаҳои пешбинишуда имкон медиҳанд, ки меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бо меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ дар ҳамбастагӣ амал намуда, инкишофу ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсеа ва рушд ёбанд. Дар маҷмӯъ тағйиру иловаҳои пешниҳодгардида ба Конститусияи кишвар ба рушди ҷомеа мусоидат намуда, барои таҳким ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мустаҳкам намудани асосҳои сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамоянд.
Вакилони Маҷлиси намояндагон доир ба пешниҳоди аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон „Оид ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъйини раъйпурсӣ“ қарор қабул намуданд. Тибқи ин қарор пешниҳоди аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон „Оид ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъйини раъйпурсӣ“ барои муайян намудани мутобиқати тағйиру иловаҳои воридшаванда ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шуда, баъди хулосаи Суди конститусионии кишвар санаи баргузории раъйпурсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегардад. Бояд тазаккур дод, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 бо раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида, ба он то ба ҳол ду маротиба — солҳои 1999 ва 2003 тағйиру иловаҳо ворид гардидаанд.

Январь 22, 2016 14:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳангоми истифодаи хабару маводи сомона истинод ба www.khovar.tj ҳатмӣ аст!
Саҳифаҳои расмии АМИТ «Ховар» дар шабакаҳои иҷтимоӣ: facebook.com/niatkhovar, t.me/niatkhovar, youtube.com/@niat_Khovar_tj, instagram.com/niat_khovar/, twitter.com/niatkhovar, Радиои Ховар 101.5 fm, facebook.com/khovarfm/
Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон: Ҳеҷ неруе наметавонад муносибатҳои бародаронаи мардумони ду давлатро халалдор намояд
«ВАССОФИ ВАТАН». Фестивал-озмуни тарғибгари дастовардҳои миллӣ оғоз гардид
Эмомалӣ Раҳмон: Хизмат ба Ватан, яъне хизмати ҳарбӣ, мактаби ҷавонмардӣ ва давраи ҳаматарафа обутоб ёфтани ҷавонон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: Хизмат ба Ватан – Модар қарзи фарзандии ҳар як ҷавон ба ҳисоб меравад
Эмомалӣ Раҳмон: Ман ҳамчун Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ ҳар як сарбозро мисли фарзанди худ дӯст медорам
«ВАССОФИ ВАТАН». Фестивал-озмуни тарғибгари дастовардҳои миллӣ оғоз гардид
ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Масъалаи зиёд намудани сармоягузорӣ ба татбиқи Неругоҳи барқи обии «Роғун» баррасӣ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор намуданд