Синни номзад ба мақоми Президент, аъзои ММ ва вакилони МН бояд аз 30 кам набошад
Душанбе, 22.01.2016.(АМИТ „Ховар“).- Тағйироте, ки ба моддаҳои 49, 65 ва 85 и Конститутсияи кишвар дар асоси пешниҳоди аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ дар мавриди ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, талаботи якхеларо барои тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ -қонунгузор, иҷроия ва судӣ муқаррар менамоянд.
Маҳмадалӣ Ватанзода-раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон мегӯяд, ки тибқи тайғироти ба моддаи 49 -и Конститутсия пешниҳодгардида шахсе аъзои Маҷлиси миллӣ ё вакили Маҷлиси намояндагон интихоб ё таъйин шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳсилоти олӣ дошта бошад, инчунин синни ӯ аз 30 кам набошад.
Дар моддаи 65-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар талабот нисбат ба номзад ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номзад бояд шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта, дорои таҳсилоти олӣ бошад ва синнаш аз 30 кам набошад. Ватанзода зикр кард, ки айнан чунин талабот мутобиқи қисмҳои 34 ва 36-и лоиҳа нисбат ба судяҳои Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ ва судяҳои Суди конститутсионии кишвар низ пешбинӣ мегардад. Нисбат ба аъзои ҳукумат талабот танҳо доштани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мегардад.
Мавриди зикр аст, ки вакилони палатаи поёнии Парлумони мамлакат баъди баррасии пешниҳоди аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон „Оид ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъйини раъйпурсӣ онро ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баровардани хулоса пешниҳод карданд.








«ВАССОФИ ВАТАН». Фестивал-озмуни тарғибгари дастовардҳои миллӣ оғоз гардид
ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Масъалаи зиёд намудани сармоягузорӣ ба татбиқи Неругоҳи барқи обии «Роғун» баррасӣ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави якчанд давлат эътимоднома қабул намуданд
ЭЪЛОН! Бақайдгирии намояндагони воситаҳои ахбори омма барои инъикоси Конфронси сеюми оби Душанбе оғоз шуд






