Зидан сармураббии нави дастаи «Реал Мадрид» таъйин шуд

Январь 5, 2016 10:36

Душанбе, 05.01.2016. (АМИТ «Ховар»).-Рафаеэл Бенитес аз вазифаи сармураббии дастаи «Реал Мадрид» ба истеъфо рафт. Дар ин бора дар Мадрид зимни нишасти матбуотӣ эълон карданд. Зайнидин Зидан сармураббии нави «Дастаи Шоҳона» таъйин шуд. То ин дам ӯ «Кастиля»-ро мураббигӣ мекард. Ёдовар мешавем, ки чанде пеш дар ВАО норозигии роҳбарият ва бархе аз бозингарони даста аз фаъолияти Бенитес зуд- зуд мунташир мегардид.
Дастаи «Реал Мадрид» пас аз 18 даври мусобиқоти қаҳрамонии Испания бо 37 хол мақоми 3-юмро ишғол мекунад.

Январь 5, 2016 10:36

Хабарҳои дигари ин бахш

КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад