11 -умин Ҷоми футзали Осиё барои мунтахаби Эрон

Февраль 22, 2016 09:48

Душанбе, 22.02.2016. (АМИТ «Ховар»). Дар шаҳри Тошканд Чемпионати Осиё оид ба футзал ба поён расид. Дар вохӯрии ниҳоӣ соҳибони толор -футзалистони Узбекистон бо мунтахаби Эрон ба дидори ҳам рафтанд. Футболбозони Узбекистон дар дақиқаи 6-ум бо голи Дилшод Ирсалиев ба сафи пеш баромаданд. Баъди се дақиқа Қудрат Баҳодурӣ натиҷаро мусовӣ кард. Голи капитани мунтахаби Эрон Муҳаммад Кишоварз имкон надод, ки мунтахаби Ӯзбекистон дар майдонаш ба гирифтани аввалин унвони чемпиони Осиё комёб шавад. Мунтахаби Эрон бошад, маротибаи 11-ум соҳибунвон гардид.
Дар мусобиқа барои ҷои сеюм Ветнам ва Таиланд, ки дар як гурӯҳ бо дастаи мунтахаби Тоҷикистон қарор доштанд, барои ба даст овардани медалҳои биринҷӣ бо ҳам бори дигар қувва озмуданд. Ин маротиба низ таиландиҳо соҳиби бартарӣ буданд ва дар натиҷа бо ҳисоби 8 бар 0 ғалаба карда, мақоми сеюмро ба даст оварданд.
Ҳамин тавр, дастаҳои мунтахаби Эрон, Узбекистон, Таиланд, Вентам ва Австралия соҳиби роҳхат ба бозиҳои ниҳоии Ҷоми ҷаҳон дар Колумбия гардиданд. Тими мунтахаби Қирғизистон низ қариб буд ба бозиҳои ниҳоии Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирад, аммо бохт бо ҳисоби 3 бар 1 аз мунтахаби футзали Австралия ин дастаро аз чунин имконият маҳрум кард.

Февраль 22, 2016 09:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид