Ғалабаи “Хуҷанд” дар бозии чорум

Февраль 3, 2016 14:14

Душанбе, 3.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Клуби футболи «Хуҷанд” охирин бозии санҷишии худро пеш аз сафар ба Фаластин дар шаҳри Душанбе бо Клуби марказии варзиши артиш “Помир” баргузор кард. Ин вохӯрӣ бо натиҷаи 2 бар 1 ба фоидаи футболбозони соҳили Сир ҷамъбаст шуд. Дар дақиқаи сеюми вохӯрӣ муҳофизатгари сарбозон Фурӯғ Қодиров ғофилан бо автогол ҳисобро боз кард. Сипас бозингари нави хуҷандиҳо Илҳом Баротов дар нимаи дуввуми вохӯрӣ бартарии “Хуҷанд”- ро афзуд. Ба Фирӯз Раҳматов муяссар гардид, ки ба ду голи “Хуҷанд” бо як гол ҷавоб гардонад. Дар давоми бозӣ муҳофизатгари “Хуҷанд” Далер Тухтасунов дар дақиқаи 36 барои гуфтори дағал бо сардовари вохӯрӣ аз майдон ронда шуд, аммо бо маслиҳати дуҷонибаи дастаҳо ӯро Саидҷон Шарипов иваз кард. Ҳамин тавр, футболбозони шаҳри Хуҷанд баъди се мусовӣ бо “Истиқлол”- и Душанбе (1:1, 2:2 ва 1:1) ва пирӯзӣ бар КМВА “Помир” барои доир кардани мусобиқа бо тими “Аҳли Алхалилӣ”- и Фаластин дар радифи бозиҳои Ҷоми КФО, ки рӯзи 9 феврал мегузаранд, рӯзи 6 -феврал сафар мекунад.

Февраль 3, 2016 14:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад