Ҳамоиши кормандони соҳаҳои маорифу тандурустӣ оид ба шарҳи Паём ва тағйиру иловаҳо ба Конститутсия
Душанбе, 19.02.2016. (АМИТ «Ховар»).- Бо мақсади таблиғу ташвиқи ҳадафҳои Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тавзеҳи лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 феврал дар Кохи Ваҳдати шаҳри Қурғонтеппа вохӯрии гурӯҳи кории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандону омӯзгорони соҳаҳои маорифу тандурустии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Қурғонтеппаи вилояти Хатлон доир гардид.
Дар вохӯрӣ вазири маориф ва илм Нуриддин Саид, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Наврӯз Ҷаъфаров, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Зариф Ализода, муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Рустам Қудратов ва Анвар Тағоймуродов роҷеъ ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зарурати тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфта, зикр гардид, ки сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф, пеш аз ҳама, ба ҳалли масъалаҳои муҳимтарин, аз қабили болоравии сифати таълим, тайёр намудани мутахассисони ба бозори меҳнат рақобатпазир, воридшавӣ ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ равона шудааст. Нуктаи дигаре, ки дар Паём таъкид гардидааст, ин дар хизмати соҳаи тиб қарор додани технологияҳои инноватсионӣ мебошад.
Нуктаи муҳими Паёми имсола- ин рӯ овардани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва созмонҳои террористию экстремистӣ мебошад. Дар ин раванд таъмини амният, сулҳу суботи ҷомеа ва ваҳдати миллӣ ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, пешрафти босуботи иқтисоди миллӣ, аз худ кардан ва дар ҳамаи самтҳои зиндагӣ ҷорӣ намудани навгониҳои илму техника, дарки масъалаҳои афзалиятдоштаи пешрафти мамлакат ва ҳалли саривақтии онҳо аз ҳар яки мо масъулияти дучандро талаб менамояд.
Вобаста ба лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардид, ки мувофиқи пешниҳодот зиёда аз 40 тағйиру илова ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегарданд. Ёдовар мешавем, ки чунин вохӯрӣ дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон низ доир гардид.








Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад






