Ҷамъомади махсус вобаста ба шарҳи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Тоҷикистон
Душанбе, 29.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- 26 феврали соли 2016 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади махсус вобаста ба шарҳи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Дар он таъкид шуд, ки масъалаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон талаби замон буда, барои тақвияти равандҳои демократӣ ва дигаргунсозиҳо дар ҷомеа, ҳамчунин фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда барои ҳар сокини мамлакат мусоидат хоҳад кард.
Дар ҷамъомад масъулин ва кормандони вазорат сухан гуфта, таъкид карданд, ки дар арафаи ин маъракаи муҳими сиёсӣ моро зарур меояд, ки мақсад ва моҳияти ин тағйиру иловаҳоро ба дипломатҳои дастгоҳи марказии вазорат ва ҳамчунин тавассути сафоратҳо ва намояндагиҳоямон дар хориҷ ба ҳамватанони бурунмарзӣ шарҳ диҳем, то ҳар яки мо дар рӯзи раъйдиҳӣ огоҳона ба назди сандуқҳои раъй равем ва дар сарнавишти худу фарзандонамон мустақиман нақш гузорем.
Тавре ки маърӯзакунандагон таъкид намуданд, ҳар кишваре, ки рушд мекунад, зарурати дохил кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия барои он амри воқеӣ мегардад, то меъёрҳои ин санади муҳимми миллӣ пайваста такмил дода шаванд. Дар мавриди зарурати ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия ба чунин нуктаҳо ишора шуд:
-Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста талош менамояд, ки ҳар чӣ зудтар сатҳу сифати зиндагии халқ баланд гардида, Тоҷикистони азиз боз ҳам ободтару зеботар гардад. Тағйиру иловаҳои ба Конститутсия воридшаванда барои амалӣ намудани ин мақсади олӣ мусоидат мекунанд.
— Тағйиру иловаҳо ба рушди минбаъдаи равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати риояю ҳифзи онҳо мусоидат менамоянд.
— Таҳкиму такмили асосҳои конститутсионии ҳокимияти давлатӣ, рукнҳои асосии он, мукаммалу самаранок гардонидани низоми мақомоти давлатӣ, фаъолияту ҳамкории байниҳамдигарии онҳо аз дигар ҳадафҳои ин тағйирот аст.
— Бо назардошти рушди забони давлатӣ, баинобатгирии қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми октябри соли 2011 тасдиқ шудааст, зарурат пеш омадааст, ки матни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, истилоҳҳо ва ибораву калимаҳои он мукаммал гардонида шуда, вожаву таркибот тибқи меъёрҳои он дақиқ навишта шаванд.
— Зарурати дигари ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон- ин мутобиқ намудани меъёрҳои он бо истилоҳу меъёрҳои санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад.
Бояд гуфт, дар ҷамъомад тамоми ҷузъиёти тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, зарурати мантиқии тағйиру иловаҳо, ҳамчунин коромадии беҳтари бандҳои Конститутсия пас аз такмил дар ҳаёти рӯзмарраи мардум ва дар сиёсати хориҷӣ шарҳ дода шуд.








Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад
Дар Бохтар оид ба кам кардани талафоти неруи барқ ҷаласа доир гардид
Ҷалби сармояи Чин ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид






