Ҷанги Сурия ба дину мазҳаб ягон рабте надорад
Душанбе, 15.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Дар айёми шӯравӣ, вақте ки дар саҳифаи рӯзномаҳо ягон хабарро мехондем, ба он бе чуну чаро бовар мекардем, зеро то чоп шудан ин матлаб аз чандин тафтишу назорат мегузашт. Ҳозир дар вақти хондани баъзе чизҳо, хусусан хабарҳои дар интернет чопшуда одам дар ҳайрат меафтад, ки чӣ тавр дар бораи мавзӯъ тасаввурот надошта, хабарнигорон ва ҳатто баъзе ба ном олимон ин қадар мавод чоп мекунанд!?
Вақтҳои охир дар бораи Сурия бисёр менависанд. Бисёри он чизе, ки чоп мешавад, бо супориши ниҳодҳои муайяни ғарбӣ ва яҳудӣ навишта мешавад, ки мақсади сиёҳ кардани низоми давлатдории ҳозираи Сурияро доранд. Вақте ки ин мақолаҳо бо супориши он ниҳодҳо чоп мешаванд, мақсад ва ҳадафи онҳо маълум аст. Лекин, вақте рӯзноманигорони мо ин маводро бе таҳлил ва назари танқидӣ ба чоп мерасонанд, кас дар ҳайрат меафтад, ки чаро ин корро мекунанд ва бо кадом мақсад?
Ба наздикӣ мақолаеро хондам. Дар он навишта шуда буд, ки дар Сурия ҷанг байни суннимазҳабҳо ва шиаҳо рафта истодааст. Ин хабар дурӯғест, ки ягон умумият бо воқеияти Сурия надорад. Барои исботи ин фикр каме дар бораи вазъияти динии Сурия бояд истода гузарем. Сурия аз ҷиҳати таркиби динӣ дар ҷаҳон ягона давлатест, ки дар он пайравони на фақат ҳамаи мазҳабҳои суннӣ: ҳанафӣ, шофеӣ, ҳанбалӣ ва моликӣ вуҷуд доранд, балки қариб ҳамаи равияҳои шиамазҳаб: исмоилиҳо, иснаашариҳо, алавиҳо, ҷаъфариҳо, друзҳо ва дигарҳо, намояндагони аксарияти равияҳои дини масеҳӣ: православӣ (ортодокс), католик, григорианӣ (арманӣ), маронит, протестант, инчунин яҳудиҳо низ вуҷуд доранд. Албатта, дар таърихи Сурия дар талошу ҷангҳои сиёсӣ хунрезиҳои зиёд шуда буд ва ҳоло ҳам давом дорад, вале дар натиҷаи ихтилофи мазҳабӣ хун рехта нашудааст. Таҳаммулпазирие, ки дар Сурия буд, фақат дар Қазоқистон мушоҳида кардан мумкин аст. Дар давоми 12 соле, ки дар Сурия зиндагӣ ва кор мекардам, ягон бор нашунидаам, ки намояндагони ду мазҳаб дар бораи баҳси динӣ бо ягдигар ҷидол карда бошанд. Дар мактабҳои Сурия дарси диёнатро мегузаранд ва намояндагони дини масеҳӣ дар як синф ва мусулмонон дар дигар синф дарс мегузаранд ва ҳар кадом асосҳои мазҳабии хешро аз худ мекунанд. Азбаски писарам дар мактаби суриягӣ аз синфи аввал мехонд, ман низ мепурсидам, ки дар ин дарсҳо чӣ мехонанд. Суриягиҳо аз аввал ба кӯдаконашон талқин менамоянд, ки ҳамаи мо яктопараст ҳастем, ҳамаи мо ба як Парвардигор саҷда меорем, вале ҳар кас бо лафзи худ, бо тарзу усули худ ба Худои якто муроҷиат менамояд. Таҳаммулпазирӣ аз кӯдакӣ ба онҳо талқин карда мешавад ва онҳо дар ин соҳа ба муваффақияти калон ноил шудаанд. «Ҷанги мазҳабӣ»-ро дар Сурия бо он асоснок мекунанд, ки Башор Асад шиаи алавӣ мебошад. Вале аз он, ки алавиҳо дар Сурия аз як миллион каме зиёдтар буда, ба миллионҳо сунниҳо, ки дар Сурия ағлабиятро ташкил мекунанд, қудрат надоранд, касе ҳарф намезанад. Албатта, мисли ҳар як ҷомеа, дар Сурия низ норозиҳо ва мухолифҳо буданд ва ҳастанд, лекин дар вақти ҳозира ҳамаи онҳо баръакс, дар гирди ҳукумати қонунӣ муттаҳид шудаанд ва бар зидди душмани хориҷӣ ҷанг карда истодаанд. Қисми асосии артиши Сурияро суннимазҳабҳо ташкил мекунанд ва агар ҷанг байни сунниҳо ва шиаҳо мешуд, он як соат ҳам давом намекард. Ҳамаи суриягиҳо ДОИШ-ро ҳамчун истилогари хориҷӣ қабул менамоянд. Ҳатто он суриягиҳое, ки ба Аврупо фирор кардаанд ва аз он ҷо истода ҳукумати Сурия ва низоми Башор Асадро танқид мекунанд, ба тарафдории ДОИШ чизе намегӯянд. Аксарияти суриягиҳо бисёр иттифоқ ҳастанд ва агар мисли Либия ақаллан қисми ночизи аҳолӣ зидди ҳукумати қонунӣ мешуд, низоми Башор Асад кайҳо аз байн мерафт. Пеш аз ба сари қудрат омадани Ҳофиз Асад (падари Башор Асад) дар Сурия ҳар ду-се сол табаддулот ба амал меомад ва вазъияти иқтисодии мамлакат хеле хароб буд, аҳолӣ зиндагонии қашшоқонае дошт, саноат қариб тамоман вуҷуд надошт, қисмати кишоварзӣ низ аз сабаби кам будани об ҳоли табоҳе дошт. Вақтҳои охир Сурия аз ҷиҳати саноатӣ хеле пеш рафта буд. Ба Сурия ворид кардани доруворӣ тамоман манъ шуда буд, чунки ҳолатҳои тақаллубкорӣ ва фиребгарӣ дар соҳаи фармасевтӣ зиёд шуда буд. Дар натиҷа Сурия ба давлате табдил ёфта буд, ки тамоми минтақаро бо доруворӣ таъмин мекард. Масъулият дар ин соҳа чунон афзуд, ки ба доруҳои суриягӣ ҷои шубҳа намонд. Соҳаи маориф дар Сурия хеле пеш рафта буд ва хусусан табибони суриягиро дар тамоми давлатҳои аврупоӣ ва Амрико дидан мумкин аст. Обрӯи муаллим ва табиб дар ҷамъият аз намояндаҳои дигар табақаҳо баландтар аст. Ин ҳолат аз гуфтаҳои марҳум падарам, ки омӯзгор буданд, солҳои аввали Иттиҳоди Шӯравиро ба хотир меовард, ки обрӯи омӯзгор дар ҷамъият аз ҳар гуна раису одами бой болотар буд. Хониш дар мактабҳо, новобаста аз баъзе камбудиҳо, ба як чизи муқаддас табдил ёфта буд. Дар Сурия туризм ва роҳҳои транзитӣ як соҳаи хеле муҳими иқтисодиёти миллиро ташкил медиҳад. Роҳҳои бепули Сурия аз шоҳроҳҳои пулакии Аврупо ягон фарқ надоранд. Ин роҳҳоро на гармии ҳаво, на мошинҳои қариб садтоннагии молҳои транзитиро мекашонда вайрон намекунанд. Вале диққати одами хориҷиеро, ки забони арабиро мефаҳмад, чизи дигар ҷалб мекунад. Дар кӯчаю бозорҳои Сурия ҳафтаҳо ва моҳҳо гардед ҳам, дашном ва сухани қабеҳро намешунавед. Тарбияи кӯдакони суриягӣ ҳамаро ба ҳайрат меоварад. Дар соҳаи кишоварзӣ низ низоми Асад тағйироти зиёдеро ворид намуд. Тамоми техника ва лавозимоту нуриҳои кишоварзӣ аз ҳамаи намуди гумрук ва пардохтҳо озод ҳастанд. Он деҳқоне, ки имконияти пахтакорӣ дорад, ба ғайр аз пахта чизи дигар намекорад, чунки давлат маҳсули ин деҳқонро пурра мехарад ва ҳамаи ин пахтаро ба давлатҳои аврупоӣ мефурӯшад, барои он ки сифати пахтаи Сурия олӣ буда, барои саноати ҳарбӣ ҷавобгӯй аст ва нархаш низ қиматтар мебошад. Ба ҳамаи он пуле, ки аз фурӯши пахта ба даст меояд, аз Чин ва Ҳиндустон пахтаи сифаташ пасттар, вале барои саноати сабук ба кор меомада харид карда мешавад ва ба ширкатҳои саноатӣ бо нархи аслӣ фурӯхта мешавад. Ширкатҳои саноатӣ дар навбати худ дар давоми панҷ соли аввали фаъолият аз тамоми андоз ва пардохтҳо озод мебошанд. Дар натиҷа, Сурия ба давлати саноатӣ табдил ёфта буд, ки тамоми давлатҳои минтақа, Африқою Аврупоро бо молҳои саноати сабук таъмин мекард ва рақиби асосии Туркия шуда буд.
Вақте сухан дар бораи сабабҳои ҷанг дар Сурия меравад, бояд ба он назар афканем, ки ин ҷанг ба кӣ фоида меорад? Ин ҷанг, пеш аз ҳама, ба Амрико, давлатҳои ғарбии аврупоӣ ва давлатҳои араби Халиҷи Форс фоиданок аст ва бар зидди Эрону Русия равона шудааст. Баъзан мепурсанд, ки охир, чаро давлатҳои араб, хусусан давлатҳои халиҷ, бар зидди ҳукумати Башор Асад ҷанг мекунанд? Дар ин ҷо фақат манфиати пулӣ даври асосӣ ва барои муайян сохтани сиёсат нақши асосиро бозӣ менамояд. Нақшаи онҳо сарнагун сохтани ҳукумати кунунии Сурия, тобеъ сохтани ҳукумати нав, аз худ намудани лӯлаи интиқоли нафт, ки аз Ироқ ба соҳили баҳри Миёназамин мегузарад ва таҷҳизоти ба танкерҳо пур кардани нафтро дорад, таъмини Аврупо бо нафт ва гази давлатҳои арабии Халиҷи Форс мебошад.
Мутаассифона, Сурия ва дигар давлатҳои майда қурбони сиёсати геополитикии давлатҳои муқтадир гаштаанд. Ва аз ҳама бад ин аст, ки халқи бегуноҳи меҳнатдӯсти суриягӣ, хоҳ вай суннӣ, хоҳ шиа ё масеҳӣ бошад, нест карда шуда истодааст. Сурия, ки аз давраи пайдоиши одам, бешубҳа, гаҳвораи тамаддуни инсоният ҳисоб мешуд, ба нестӣ рафта истодааст. Албатта, замоне мерасад, ки адолат ғалаба мекунад ва воқеияти ҳозираро таърихшиносон ошкор менамоянд. Лекин барои пешгирии ин гуна зуҳурот аз ҳозир сар карда, таркиби мазҳабӣ ва миллии ДОИШ-ро бояд муайян сохт ва сабабҳои ба ин гурӯҳ гаравидани ҷавонон, аз ҷумла ҷавонони тоҷикро омӯхт. Дар дохили ин гурӯҳ суриягиҳо низ ҳастанд. Ин суриягиҳо он маҳбусҳое ҳастанд, ки дар ҳабс буданд ва аз тарафи ДОИШ озод карда шудаанд. Дар байни онҳо баъзе суриягиҳое низ ҳастанд, ки бо шароити мухталиф, тарси ҷони худ ё ҷони наздикони худ гирифтори доишиҳо шудаанд. Омӯхтани ҷиҳати тамвил ва маблағгузории ин гурӯҳ ҷои махсусро ишғол менамояд. Охир, онҳо танҳо барои идея ҷанг намекунанд. Ҳамаи онҳо ҳар моҳ маош мегиранд ва ғанимати бо роҳи ҷанг ва ғорат ба даст омадаро байни худ тақсим мекунанд. Бо бовар метавон гуфт, ки агар маблағгузорӣ имрӯз қатъ гардад, гурӯҳи ДОИШ низ ҳамин рӯз пароканда мешавад. Лекин, мутаассифона, бисёр давлатҳои муқтадир аз вуҷуд доштани ин гуна гурӯҳҳо манфиат мегиранд ё ба умеди ба даст даровардани манфиати бештар ҳастанд. Масалан, Туркия аз ҳамкорӣ бо Русия манфиатҳои зиёд ба даст меовард, лекин аз фурӯши нафти дуздӣ ва умеди фоидаҳои оянда бар зидди Русия бархост. Ҳол он ки ба назари аввал чунин мерасад, ки Туркия пеш аз Русия бояд бо ДОИШ ҷанг бикунад, на онро тарафдорӣ кунад. Вале, тавре ки дида истодаем, манфиати иқтисодӣ аз ҳама гуна ақли солим болотар истодааст.
Мо фақат орзу ва дуо мекунем, ки давлати мо ба ин бало гирифтор нашавад ва мардуми сулҳпарвар, таҳаммулпазир ва меҳнатдӯсти Сурия зудтар ба ҳаёти осоишта баргардад.
Бознашр аз ҳафтаномаи «Фараж»