МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои захира намудани картошка бунёди анбори муосири нигоҳдорӣ зарур аст

Август 24, 2025 13:30

ДУШАНБЕ, 24.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Барои захира намудани картошка навъҳои бенуқс интихоб карда мешаванд. Агар хоҳед, ки картошкаи захиракардаи шумо дар анбор, таҳхона ва хандақҳо дуру дароз нигоҳ дошта шавад, пеш аз захира онро дар ҳавои кушод хушк намоед. Чунин тавсия медимҳанд олимони соҳаи кишоварзӣ.

Дар соҳаи кишоварзӣ яке аз бахшҳои муҳим картошкапарварӣ маҳсуб мешавад. Зеро сокинони мамлакат онро нони дуюм меҳисобанд. Аз ин лиҳоз аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба ин бахши муҳим диққати махсус равона гардидааст. Ҳамасола бо мақсади таъмини амнияти озуқавории мамлакат майдони кишти картошка зиёд карда мешавад. Инчунин ба захира намудани он низ таваҷҷуҳи бештар равона гардидааст.

Тавре ки олимони соҳаи кишоварзӣ тавсия медиҳанд, барои захира намудани картошка аввал анбор ё таҳхона бояд бо оҳак сафед карда шуда, дари он ба муддати ду ё се рӯз пӯшида нигоҳ дошта мешавад. Зеро тамоми ҳашарот аз таъсири оҳак нест мешаванд. Сипас дари онро кушода, пеш аз захираи маҳсулот онро тоза ва пурра хушк бояд намуд.

Картошкаро дар борхалтаҳои ҳавогузар гирифта, дар таҳхона ва анбор захира менамянед. Дар бештари маврид онро ба таври яклухт дар анбор захира менамоянд. Агар картошка яклухт дар анбор захира карда шавад, бояд аз қисми поёни он лӯлаҳои ҳавогузар гузошта шаванд. Ва ё агар картошка дар борхалтаҳо нигоҳ дошта шавад, онро тарзе бояд ҷо ба ҷо намуд, ки байни онҳо ҷойи ҳавогузар бошад.

Олимони соҳаи кишоварзӣ тавсия медиҳанд, ки ҳарорати нигоҳдорӣ дар анборҳо бояд аз 3 то 5 дараҷа гарм бошад. Агар ҳарорат паст ё баланд гардад, картошкаро дигар наметавон захира кард. Чунки беш аз 75 фоизи картошкаро об ташкил медиҳад ва дар ҳарорати паст он сармозада мешавад. Агар ҳарорати анбор баланд гардад, дар онҳо муғчаҳо пайдо мешаванд.

Дар деҳаҳои дурдасти мамлакат барои захира кардани картошка хандақҳоро омода менамоянд. Аввал картошкаро дар ҳавои кушод хушк карда, навъҳои хуби онро интихоб ва баъдан онро захира менамоянд. Болои хандақҳоро бо маҳсулоте мепӯшонанд, ки ҳарорати дохили онро муътадил нигоҳ медорад. Инчунин болои онро бо плёнкаҳо маҳкам мекунанд. Дар ин хандақҳо барои гузаронидани ҳаво сӯрохӣ низ ҳатман гузошта мешавад. Баъди ворид намудани картошка то муддати муайян дари онро боз намекунанд. Зеро ҳавои хунуки воридшуда дар сардиҳои зимистон метавонад ба ин маҳсулот зарар расонад.

Ба иттилои олимони соҳаи кишоварзӣ, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ ва таъмини бештари аҳолӣ бо маҳсулоти ватанӣ аз истифодаи самараноку оқилонаи замин ва захираи ин навъи маҳсулот вобаста мебошад.

Меъёри тавсияшудаи истеъмоли картошка дар Тоҷикистон барои як нафар дар як сол 92 килограмм аст. Яъне барои таъмини аҳолии мамлакат дар як сол тақрибан 830 ҳазор тонна картошка истеҳсол кардан зарур аст.

Коршиносон бар ин назар ҳастанд, ки захира намудани навъҳои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ тавозунро дар бозори истеъмолӣ нигоҳ дошта, сокинон бо маҳсулоти ватанӣ таъмин мегарданд. Барои гирифтани ҳосили фаровон кишоварзон бояд аз техника ва усулҳои муосир низ истифода намоянд. Ҳамчунин сохтани анбори муосири нигоҳдорӣ зарур аст, зеро бо вуҷуди истеҳсоли зиёди картошка агар шароити мувофиқи нигоҳдорӣ вуҷуд надошта бошад, қисми зиёди маҳсулот талаф меёбад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Август 24, 2025 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Гули садбарг кӯчаву хиёбон ва боғу гулгаштҳои Душанберо зебу зиннат мебахшад
ИСТИҚЛОЛ ВА АДОЛАТИ СУДӢ: Нақши Пешвои миллат дар таҳкими ҳокимияти судӣ ва волоияти конститутсия
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
ТАВСИЯИ МУФИД. Барои хуб нашъунамо ёфтани гул дар шароити хона интихоби хок омили асосӣ аст
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Аҳамияти он ба таҳкими фарҳанги ҳуқуқӣ ва волоияти қонун дар Тоҷикистон мусоидат менамояд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар ниҳолхонаҳо зиёда аз 120 ҳазор ниҳоли павловния парвариш меёбад