МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Оё фарзанди шумо барои ба мактаб рафтан омода аст?
ДУШАНБЕ, 23.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ба оғози соли нави таҳсил рӯзҳои башумор мондааст. Волидайн дар ин давра барои фарзандон шароит муҳайё мекунанд, яъне либосҳои мактабӣ, лавозимоти хониш ва дигар ашёи таълимиро, ки барои фарзандон зарур ҳастанд, мехаранд. Аммо баъзе наврасоне ҳастанд, ки аз рафти донишомӯзӣ саркашӣ менамоянд ва ба омӯзиш ҳавасманд намешаванд. Махсусан, чунин мушкилӣ дар байни хонандагони синфи якум ба назар мерасад. Дар ин ҳолат волидон бояд чӣ кор кунанд?
Омоданамоии фарзанд ба мактаб ва таҳсил
Коршиносон тавсия медиҳанд, ки волидайн пеш аз он ки фарзанди худро ба синфи якум гузоранд, бояд ӯро барои рафтан ба мактаб омода намоянд. Волидайн уҳдадоранд, ки пеш аз ба мактаб равон намудани фарзанд аввал меҳри китоб ва мактабро дар дили кӯдак ҷой намуда, сипас қоидаҳои махсусро омӯзонанд. Яъне ҳар шахс ба фарзанди худ бояд аввал ному насабаш, номи падару модар, суроғаи хона, номи шахсони наздик, рақами телефони волидайн, маҳалла ва кӯчаеро, ки дар он зиндагӣ мекунад, омӯзонад.
Ба тавсияи равоншиносон, алоқамандӣ байни оила ва мактаб дар ҳаёти кӯдак қадами муҳимтарин ба ҳисоб меравад. Мушкилии дигар- ин риояи реҷаи рӯз аст, ки кӯдак ба муҳити нав- муҳити омӯзиш дохил мешавад. Мушкилии дигар фаъолияту супоришҳо мебошанд, зеро қаблан дар хона фаъолияти асосии кӯдакон танҳо бозӣ буд, ҳоло кӯдак бояд машғулияту супоришҳоро иҷро намояд ва вақти пурсидан онҳоро ба ёд оварда, ҷавоб диҳад.
Равоншиносон иброз медоранд, ки таъкидҳои пай дар пайи волидон метавонад стресс (асабоният) ва ҳаяҷони кӯдакро бештар гардонида, дар қалби кӯчакаш ҳисси тарсу ҳаросро бедор намоянд. Ҳамаи ин боис мегардад, ки кӯдак дилхунук шуда, дигар ба мактаб рафтан намехоҳад. Волидон бояд кӯшиш намоянд, ки бо шӯхию бозӣ ва дилхушӣ кӯдакро ба мактаб омода созанд. Шумо бояд ба фарзанди худ фаҳмонед, ки ӯ дар мактаб хондану навиштанро ба зудӣ меомӯзад ва албатта, дӯстони зиёде пайдо карда, бо онҳо вақташ хуш мегузарад. Ҳамин тавр кӯдак оҳиста-оҳиста ба тарзи нави ҳаёт ва муҳити мактабӣ одат карда, асабоният ва ҳаяҷонаш бартараф мегардад.
Чаро бештари наврасон аз омӯзиш саркашӣ менамоянд?
Ба иттилои равоншиносон, дар ҷараёни таълим бархе кӯдакони синфи якум аз мактаб дилгир ва шавқи хонданашон кам мешавад, дар вақти дарс бетоқат мешаванд, бо ҳамсабақон муоширати хуб надоранд, дарсро намефаҳманд, аммо хомӯш мемонанд ва аз навиштани дуру дароз хаста мешаванд. Дар ин ҳолат шумо бояд фарзанди худро дастгирӣ кунед. Барои хурдтарин комёбӣ кӯдакро ситоиш ва дар назди дигарон таъриф кунед. Ситоиш ва боварии волидон ба кӯдак илҳом мебахшад ва кӯшиш мекунад, ки минбаъд муваффақтар гардад.
Ҳаргиз кӯдакро барои нокомиаш сарзаниш накунед. Чунин рафтори волидон кӯдакро дилшикаста месозад. Тавре муҳандис, ихтироъкор ва соҳибкори машҳури амрикоӣ Томас Алва Эдисон гуфта буд, «сухани модарам маро аз аҳмақӣ то ба нобиғагӣ расонид. Яъне, муаллима ба модарам хатчае равон намуд, ки дар он чунин навишта шуда буд: «Кӯдаки шумо аҳмақ аст. Аз фардо ӯро ба мактаб роҳ намедиҳем». Аммо модарам ба ман он хатчаро ба чунин тарз хонда буд: «Фарзанди шумо нобиға аст ва ин мактаб барои ӯ кофӣ нест. Омӯзиши ӯро худ ба уҳда гиред».
Оё омӯзгор метавонад хонандаи сустхонро аълохон намояд?
Равоншиносон тавсия медиҳанд, ки дар илми омӯзгорӣ-педагогӣ равишҳое низ ҳастанд, ки бо истифода аз онҳо ба кӯдакони сустхон ва ё лаёқаташон суст низ хондану навиштанро омӯзонидан мумкин аст. Аввал бо шогирдони сустхон хушмуомила, хушгуфтору хушрафтор будан зарур аст.
Омӯзгорони синфҳои ибтидоиро зарур аст, ки дар ҷараёни дарсҳо воситаю усулҳои нави таълим ва бозиҳоро истифода баранд. Ин гуна бозиҳо ба хонандагони лаёқаташон суст бештар кумак мерасонанд ва албатта, натиҷаи хуб ҳам медиҳанд. Беҳуда бузургон нагуфтаанд, ки вазифаи муҳимтарини муносибати инфиродӣ бо хонандагон муҳайё сохтани имконият барои бачаҳо дар такмили фаъолияташон мебошад. Дар вуҷуди ҳар кӯдак қобилияти инфиродие мавҷуд аст, ки онҳоро бояд инкишоф дод ва минбаъд онҳо метавонанд ба тарафҳои пурқуввати хонанда табдил ёбанд.
Ба воситаи дарс омӯзгор имконият пайдо мекунад, ки ҳам ба ақл ва ҳам ба тафаккури хонанда таъсир расонад, қувваю қобилияти ҷисмонию маънавии ӯро инкишоф диҳад, ба хонанда маҳорату малакаҳои мустақилона азхуд кардани дониш ва истифода бурдани онро ёд диҳад, барои инкишофи ҳаматарафаи ӯ таҳкурсии мустаҳкам ва қавӣ гузорад. Дар мактаб мақоми бузург ва нақши марказиро устод- муаллим ишғол менамояд. Бедории фикр, покизагии ахлоқ ва ташаккули ақлонии инсон маҳз маҳсули ранҷу машаққати омӯзгорон мебошад.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








ИДИ ТИРГОН — БРЕНДИ САЙЁҲИИ ФАРҲАНГИИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ин мавзуъ
35 СОЛИ ПУР АЗ ШАРАФ, ПИРӮЗӢ, ДАСТОВАРД ВА ИФТИХОР. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Дар рӯзи имтиҳонҳои дохилшавӣ чӣ бояд кард?
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО ДАР СОҲАИ ТИБ. Истиқболи донишмандон ва табибони Эрон аз ташаббуси Президенти Тоҷикистон
Исломиддин Раҳмон: «Тоҷикистон ҳамчун аъзои фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳалли масъалаҳои глобалӣ саҳми арзишманд мегузорад»
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вохӯрии машваратии ниҳодҳои миллии ҳуқуқи инсони давлатҳои аъзои СҲШ иштирок намуд
Дар Душанбе даври сеюми Форуми марказҳои таҳлилии «Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид
Ваҳдати миллӣ шарти асосии ҳифз, таҳким ва пойдории истиқлолият гардид
ҚОНУН «ДАР БОРАИ АВФ». Санади 18-уми башардӯстонае мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо намудаанд
Дар соҳили Сирдарёи шаҳри Хуҷанд шиногоҳи нав ба истифода дода шуд
Профессори Донишгоҳи байналмилалиии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон: «Сарвари давлати моро дар арсаи байналмилалӣ чун «Меъмори дипломатияи об» мешиносанд»
Раиси ноҳияи Фирдавсӣ Дилшод Сафарзода: «Яке аз дастовардҳои муҳими Ваҳдати миллӣ эҳё ва рушди иқтисодиёти Тоҷикистон мебошад»






