Аввалин ғалабаи Зидан дар Лигаи чемпионҳо

Февраль 18, 2016 14:55

Душанбе, 18.02.2016 (АМИТ «Ховар»).-“Реал”-и Мадрид ва “Рома”-и Италия аввалин дидори худро дар бозиҳои Ҷоми чемпионҳои Аврупо шоми дирӯз анҷом доданд. “Реал” дар сафар соҳибони майдонро маҷбур кард, ки бо натиҷаи 2 бар 0 мағлуб шаванд. Дар нимаи аввал ҳарчанд лаҳзаҳои муносиби голзанӣ вуҷуд доштанд, касе онро истифода накард ва дар аввали нимаи дуввум Криштиано Роналдо ва баъдан дар дақиқаи 86-ум Хессе бо тӯбҳои задаашон сармураббии нави даста Зейниддин Зиданро ба аввалин ғалабааш дар рақобатҳои Лигаи чемпионҳо сарфароз гардониданд.
Дар бозии дигари рӯз “Волсфбург” низ дар сафар “Гент”-ро ба мағлубият дучор кард. Бозӣ ончунон диданӣ буд, ки аз ҷониби футболбозони ҳар ду даста тӯб панҷ маротиба вориди дарвоза гашта, мухлисонро ба ваҷд овард. Дар вохӯрӣ ду маротиба Дракслер дарвозабони белгиягиҳоро маҳзун кард. Макс Крузе муаллифи голи сеюми олмониҳо шуд. Свен Кумс ва Халифа Кулибалӣ ду голи соҳибони майдонро ба самар расониданд.
Бозиҳои ҷавобӣ рӯзи 8 март баргузор мешаванд. Гумон меравад, ки ҳам “Реал” ва ҳам “Волфсбург”вазифаи ба даври дигар гузаштанро аллакай ҳал кардаанд.

Февраль 18, 2016 14:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид