Ба қонуни матбуоти даврӣ ва дигар ВАО иловаҳо ворид мегарданд- ҳадаф таҳкими амнияти иттилоотист

Февраль 1, 2016 17:20

Душанбе,01.02.2016.(АМИТ «Ховар»).- Интизор меравад, ки палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон дар ояндаи наздик ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» иловаҳо ворид намояд.
Олим Салимзода- раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот мегӯяд, ки лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади беҳтар намудани назорат оид ба фаъолияти воситаҳои ахбори омма /ВАО/ ва таъмину таҳкими амнияти иттилоотӣ таҳия ва пешниҳод шудааст, зеро аз таҳлилҳо бармеояд, ки дар қонуни амалкунанда салоҳияти мақоми ваколатдори давлатии баҳисобгирии ВАО, ҳамчунин мақомоти прокурорӣ ва судӣ барои андешидани тадбирҳо ҳангоми қонуншиканиҳо ё дигар асосҳои ҳуқуқии қатъ гардонидани фаъолияти ВАО муайян карда нашудааст.

Февраль 1, 2016 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд