Бохте, ки умед мепарварад
Душанбе, 12.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар аввалин вохӯриаш дар Чемпионати Осиё дар шаҳри Тошканд дар гурӯҳи “С” бо тими мунтахаби Таиланд вохӯрда, бо натиҷаи 5 бар 4 мағлуб шуд. Новобаста ба он, ки Таиланд ба панҷгонаи беҳтарини Осиё дар футзал шомил аст, бозингарони ҷавони мо тавонистанд бо рақиби ботаҷрибаашон бозии хубу аҳлона нишон дода, то дақиқаи охир натиҷаи мусовии 4 бар 4 -ро нигоҳ доранд. Аммо сонияи охир ва бахти варзишӣ ба футзалистони Таиланд хандид ва онҳо бо голи задаи Виват ба пирӯзӣ комёб шуданд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки ҳайати асосиашро ҷавонон ташкил мекунанд ва он симои худро нисбат ба солҳои пешин имсол дигар кардааст, бо ин бозиаш умедро ба дили мухлисон ҷой дод, то бовар кунем, ки дар бозиҳои оянда онҳо метавонанд бар дастаҳои Ветнам (13-уми феврал) ва Тайбейи Чин (15-уми феврал) ғалаба кунанд.
Дар бозии дигари ин гурӯҳ Ветнам бар Тайбейи Чин бо ҳамин натиҷаи 5 бар 4 пирӯз гардид.








Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид






