Дар пойтахт варзишгоҳи муосири футболбозӣ барои 25 000 ҷои нишаст бунёд менамоянд
Душанбе, 09.02.2016.(АМИТ «Ховар»).- Шаҳрдории Душанбе тасмим гирифтааст, ки дар заминаи қитъаи замини собиқ мошинбозор варзишгоҳи муосир барои бозии футбол бо 25 ҳазор ҷойи нишаст бунёд намояд. Интизор меравад, ки тадбир дар доираи татбиқи нақшаи генералии шаҳр амалӣ гардонида шавад. Масъалаи мазкур дар ҷаласаи кории шаҳрдорӣ, ки дар ҳузури раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдулоев доир гардид, матраҳ шуд. Инчунин дар чаҳорчӯбаи татбиқи нақшаи генералии пойтахт таҷдиди «Боғи Дӯстии халқҳо» бо бунёди Маҷмааи меъмории «Истиқлолият», ки ҳудуди феълии марказҳои савдои «Ганҷина» ва «Панҷшер»-ро фаро хоҳад гирифт, дар назар дошта шудааст.
Ҳамзамон дар доираи татбиқи Нақшаи генералии шаҳр «Боғи ҳайвонот» ба қисмати шарқии пойтахт кӯчонида шуда, дар он ҷо «Боғи ҳайвонот» аз рӯи усули «Сафари» бунёд мешавад.
Инчунин сохтмони Маҷмааи «Меҳри модар» бо муассисаи муосири томактабӣ дар масоҳати 2,5 га дар маҳаллаи Зарафшон, мактаби зеҳнӣ дар шаҳраки академикҳо ва бунёди боғҳои нави замонавӣ дар назар аст.








Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад






