“Дарвозабони Тоҷикистон беҳтарин аст”
Душанбе, 12.02.2016 (АМИТ «Ховар»). “-Дарвозабони Тоҷикистон беҳтарин аст”-бо чунин суханон сармураббии дастаи мунтахаби Таиланд оид ба футзал Виктор Ҳеманси ҳоландӣ конфронси матбуотии баъдибозиро дар шаҳри Тошканд баъди вохӯрии дастаҳои мунтахаби Таиланд ва Тоҷикистон дар гурӯҳи “С” оғоз кард. “Толеи мо баланд будааст, ки дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистонро дар сонияи охир мағлуб кунем. Тоҷикистон ҳам метавонист дар ин вохӯрӣ пирӯз шавад.Аммо бахти варзишӣ ба рӯи мо тофт. Дарвозабон хеле олӣ бозӣ кард”,-натиҷагирӣ кард мутахассиси ҳоландӣ.
Сармураббии тими мунтахаби Тоҷикистон Ҳусейн Шодиев гуфт:-“Ба футболбозони мо таҷриба нарасид, ки ин ҳарифи қудратмандро мағлуб кунанд. Фикр мекунам, ки агар бозӣ мусовӣ- 4 бар 4 ҷамъбаст мешуд, натиҷа одилона буд. Ин бохтро мо бояд аз хотир барорем ва ба бозиҳои оянда омода шавем, ҳоло шонси ба даври дигар гузаштан аз даст нарафтааст”.
Ёдрас мешавем, ки дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон аз тими мунтахаби Таиланд бо натиҷаи 4 бар 5 бозиро бохт ва акнун рӯзи 13-уми феврал бо дастаи мунтахаби Ветнам вориди майдон мешавад.
Голҳоро аз дастаи Тоҷикистон Некрӯз Алимаҳмадов, Мансур Мамадбобоев ва Раҳмоналӣ Шарипов (2 тӯб) ба ҳадаф расониданд.








Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид






