Филмофарӣ аз ҷиҳати даромад дар ҷаҳон дар ҷойи сеюм меистад

Февраль 29, 2016 14:27

Душанбе, 29.02.2016 (АМИТ «Ховар»). — Солҳои охир бештари дӯстдорони филмҳои бисёрсериягӣ рӯ ба тамошои филмҳои туркӣ овардаанду ҷавонон доим дар паи ҷустуҷӯи филмҳои амрикоӣ мебошанд. Ҳатто нафароне ҳастанд, ки барои хариди филмҳои нав то ними шаб назди дӯконҳои фиттафурӯшӣ интизорӣ мекашанд. Ба назар мерасад, ки филмҳои истеҳсоли синамогарони хориҷӣ фазои Тоҷикистонро забт кардаанд. Филмҳои муосири тоҷикӣ имрӯз байни мардум тамошобин надоранд. Мушкил дар ин самт дар чист: набудани ҳунармандони касбӣ, маблағ ва ё коргардонҳо? Бо ин суолҳо ба раиси Иттиҳодияи синамогарони Тоҷикистон Сафар Ҳақдод муроҷиат кардем.
Бино ба гуфтаи Сафар Ҳақдод синамо ҳамчун ҳунари ҳафтуми инсоният қабул шудааст. Мусоҳиб филмҳоро ба ду гурӯҳ ҷудо намуд, филмҳои телевизионӣ ва филми рӯйи пардагӣ. Барои рушди филми телевизионӣ нақши Ҳукумат ва телевизиони «Синамо» хеле бориз аст. Бо пайдо шудани шабакаи телевизионии «Синамо» таваҷҷуҳ ва сармоягузорӣ ба синамои телевизионӣ бештар мешавад ва он вақт синамои тоҷик муваффақ хоҳад шуд.
«Синамо имрӯз тиҷорат аст. Ҳангоми ворид шудани филмҳои хориҷӣ ба бозори ватанӣ онҳо ҷойи филмҳои тоҷикиро мегиранд. Ҳатто дар чунин ҳол миллат ва давлат метавонанд маводи истеҳсол мекардаашро аз даст диҳанд. Дар ин самт бояд ҳар як давлат барои ҳимояи маҳсулоташ чораҷӯӣ намояд. Хусусан давлатҳое, ки дар ҳолати рушд ҳастанд»,- гуфт мусоҳиб.
Нависандаи тоҷик Бароти Абдураҳмон мегӯяд, ки филмсозӣ ин тиҷорат аст. Дар ҷаҳони имрӯза филмсозӣ аз рӯи овардани фоида дар ҷаҳон дар ҷойи сеюм меистад ва ҳама он симпозиюму кинофестивалҳое, ки баргузор мегарданд, ба хотири реклама ва фурӯши филм гузаронида мешаванд. Дар замони муосир таҳияи филмҳо ба рақобати аҷиби идеологӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва таърихӣ табдил ёфтааст.
«Ман бисёр таассуф мехӯрам, ки дар мо фазои тиҷоратии филмномасозӣ, ҳатто адабиёт қариб вуҷуд надорад. Адабиёти бадеӣ аст, вале адабиёти филмофарӣ, филмномасозӣ ва филмфурӯшӣ камтар аст. Имрӯз техникаю технологияҳои муосир рӯи кор омадаанд, ки кори коргардонро дучанд осон мекунанд. Коргардонҳо имкон пайдо кардаанд аз тариқи интернет ҳунари филмофарӣ ва сенариянависиро омӯзанд»,- ибрози андеша намуд нависандаи тоҷик.
Нависандаи дигари тоҷик Маҷид Салим изҳор намуд, ки дар кишвар нависанда, ҳунарманд ва коргардонҳо хеле зиёданд ва байни онҳо нафароне ҳастанд, ки қобилияти баланди эҷодӣ доранд. Агарчи бештари онҳо дар самти рушди синамо таҷриба надошта бошанд ҳам, аммо кӯшиш менамоянд, то синамои тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намоянд. Бештари коршиносон сабаби асосии рушд наёфтани кинои тоҷикро дар набудани маблағ мебинанд.
«Ҳақиқатан дар ҷаҳони имрӯза филмҳои ҳунариву ҳуҷҷатӣ тамошобини зиёд пайдо кардаанд. Дар замони нав, ки замони технология аст, мардум ба хондани китоб таваҷҷуҳ надоранд. Имрӯз аз тариқи телевизион тамоми филмҳоро тамошо кардан мумкин аст ва филмҳое, ки инсонро тарбия кунанду ба ватандӯстӣ талқин мекарда бошанд, дар ин миён ангуштшуморанд. Ҳамаи филмҳо дар бораи куштору нашъаҷаллобиву кӯдакрабоӣ мебошанд»,- илова намуд Маҷид Салим.
Ёдовар мешавем, ки барои беҳтар намудани сатҳу сифати синамои тоҷик ва рушди он пагоҳ дар пойтахти кишварамон Муассисаи давлатии Телевизиони «Синамо» ба фаъолият шурӯъ менамояд. Аз ин пас филмофарони тоҷикро зарур аст, ки барои ба даст овардани комёбиҳои беназир дар соҳаи кино тамоми саъю кӯшиши худро равона созанд, то мардум минбаъд на ба филмҳои хориҷӣ, балки ба кинои тоҷик рӯ оранд.

Февраль 29, 2016 14:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе китоби «Президент сказал: Любите!…» рӯнамоӣ гардид
Муовини вазири корҳои хориҷии Умон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид
Дар Теҳрон китоби «Бо корвони «Шоҳнома»: аз Тӯс то Душанбе» ба нашр расид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Кинотеатри «Ватан» навсозӣ ва бо технологияи муосири намоиши филмҳо муҷаҳҳаз гардонида шуд
Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардид
Таҳти унвони «Нақши китобхонаҳои шахсӣ дар рушди китобдории миллати тоҷик дар замони ҷаҳонишавӣ» ҳамоиш доир шуд
Пагоҳ дар Душанбе Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон баргузор мешавад
Соли 2027 дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Покистон баргузор мегарданд
«АЗ СУЛҲИ ТОҶИКОН ТО СУЛҲИ ҶАҲОН». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
«Барномаи рушди мактабҳои бачагонаи мусиқӣ, рассомӣ, санъат ва мактаб-интернатҳои миёнаи махсуси ҷумҳуриявии мусиқӣ ва санъат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031» қабул гардид
Аз ҳудуди ноҳияи Данғара ёдгории нодири меъмории мансуб ба асрҳои IX–XII ёфт гардид
Дар Душанбе бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид