Футзали Осиё дар Тошканд
Душанбе, 11.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Дар шаҳри Тошканд бозиҳои ниҳоии Ҷоми Осиё аз футзал оғоз ёфтанд. Дар гурӯҳи “А” соҳибони майдон- дастаи мунтахаби Ӯзбекистон бар меҳмони худ-дастаи мунтахаби Арабистони Саудӣ бо натиҷаи 5 бар 2 пирӯз гардиданд. Дар ин гурӯҳ футзалистони Қирғизистон бо тими мунтахаби Лубнон вохӯриашонро бо ҳисоби 4 бар 4 ҷамъбаст карданд.
Дар гурӯҳи “Б” тими мунтахаби Эрон дастаи мунтахаби Урдунро бо ҳисоби 6 бар 1 шикаст дод ва дар ҳамин гурӯҳ футзалистони ироқӣ дар муқобили мунтахаби Чин бо бартарии 6 бар 0 ба пирӯзӣ расиданд.
Имрӯз дар гурӯҳи “С” тими мунтахаби Тоҷикистон дар соати 16:30 дақиқа бо дастаи мунтахаби Таиланд вориди майдон мешавад. Таиланд яке аз дастаҳои муддаии унвони қаҳрамонии футболи Осиё дар соли равон номбар мешавад. Таиландиҳо дар гузашта дар ҳама бозиҳои ниҳоӣ ширкат карда, солҳои 2008 ва 2012 соҳиби медалҳои нуқра ва солҳои 2000, 2002, 2003 ва 2004-ум барандаи медалҳои биринҷии Чемпионати Осиё шудаанд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳашт бозии ниҳоии Чемпионати Осиё иштирок карда, соли 2007-ум то марҳалаи ¼ ниҳоӣ баромадааст.








КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






