“Хуҷанд” дар бозии аввалини Ҷоми КФО
Душанбе, 9.02.2016 (АМИТ «Ховар»). Имрӯз клуби футболи «Хуҷанд” дар бозии плей-офф, барои Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё дар шаҳри Хеврони Фаластин бо тими “Аҳли Алхалилӣ”-и ин кишвар дар соати 19 ба вақти Душанбе вориди сабқат мешавад. Тавре ки сармураббии даста Нӯъмон Юсупов дар нишасти матбуотӣ арз кард, “ Хуҷанд” танҳо барои ғолиб омадан дар ин бозӣ ба Фаластин омадааст ва даста ният дорад ба бозиҳои гурӯҳӣ роҳ ёфта, шарафи Тоҷикистонро ҳимоя кунад”. То кадом андоза сармураббӣ ба ин гуфтаҳояш мӯътақид аст, ҳунарнамоии футболбозон дар майдони футбол ба он ҷавоб хоҳад гуфт. “Хуҷанд” ба ҳайаташ 8 бозингари нав шомил кардааст, ки ҳама аз Тоҷикистонанд. Дар ҷараёни сафар ба футболбозони мо зарур омад, ки дар сарҳади Исроил ва Фаластин беш аз 5 соат интизорӣ кашанд.
Ёдрас мешавем, ки дар сурати ғалаба дар ин вохӯрӣ, ғолиб ба гурӯҳи “Д” шомил шуда, бо дастаҳои “Алмуҳаррак”-и Баҳрайн, “Фанҷа”-и Уммон ва “Алҷайш”-Сурия муборизаро барои Ҷоми КФО идома медиҳад.








Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод






