Хуҷанд: ифтитоҳи 20 коргоҳ ба истиқболи ҷашни Истиқлолият

Февраль 9, 2016 10:58

Хуҷанд, 09.02.2015. (АМИТ “Ховар”).-Соли равон дар маркази вилояти Суғд- шаҳри Хуҷанд ба истиқболи 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ба истифода додани 20 коргоҳи саноатӣ дар назар аст. Аз ин шумора 5 коргоҳ дар арафаи таҷлили ҷашни Наврӯз ифтитоҳ мешавад. Дар умум бо ба истифодадиҳии ин шумора коргоҳ беш аз 450 ҷои нави корӣ ба вуҷуд меояд.
Ин нукта дирӯз зимни баргузории ҷаласаи корӣ аз ҷониби шаҳрдори Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода баён гашт.
Тавре ки роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр Биволида Самадова ба АМИТ “Ховар” иттилоъ дод, дар ҷаласаи корӣ, ки бо иштироки роҳбарони сохторҳои мақомоти шаҳрӣ, муовинони шаҳрдор баргузор гардид, якчанд масъалаи соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр, аз ҷумла ҷамъоварии маблағи андоз, омодагӣ ба истиболи ҷашнҳои Наврӯз ва Истиқлолияти кишвар, сохтмони коргоҳҳо ва ҳамчунин оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ аз ҷониби раиси шаҳр мавриди пурсиш қарор гирифт.
Раҷаббой Аҳмадзода гуфт, ки барои сазовор истиқбол гирифтани 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат минбаъд моҳе як маротиба нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳр мавриди баррасиву таҳлил қарор хоҳанд гирифт.
Роҷеъ ба масъалаи вазъи бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ва оид ба содироти маҳсулоти саноатӣ, раиси шаҳр ба роҳбарони корхонаҳои саноатӣ супориш дод, ки новобаста аз вазъи ба амаломада нисбат ба баланд бардоштани истеҳсолот чораҷӯӣ намоянд.
Доир ба омодагиҳо ба ҷашни Наврӯз зикр гардид, ки чорабиниҳои асосӣ бо иштироки меҳмонони воломақом маҳз дар маркази вилоят баргузор гашта, дар доираи корҳои омодагӣ ба таҷлили Наврӯзи оламафрӯз дар қаламрави шаҳр корҳои созандагию ободонӣ бояд вусъати тоза гиранд. Дар рӯзҳои таҷлили Наврӯз дар шаҳр бунёди 4 майдончаи варзишӣ байни биноҳои баландошёна ва бунёди марқади ёдгорӣ барои бартарафкунандагони садамаи истгоҳи атомии Чернобил ба нақша гирифта шудааст.

Февраль 9, 2016 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон