Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ДУШАНБЕ, 12.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 ноябр дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои кушод доир карда мешавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин осорхона.
Дар ин рӯз тамошобинон имкон доранд аз соати 08:00 то 18:00 ба таври ройгон тамоми толорҳои намоишии осорхонаро тамошо намоянд.
Дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣ ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби роҳбаладони Осорхонаи миллӣ барои меҳмонон дар «Толори туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» экскурсияҳои мавзуӣ баргузор карда мешаванд.
Ҳамзамон асарҳои муҳимми марбут ба ҳунари рассомӣ, ки симо ва фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро инъикос менамоянд, пешкаши тамошобинон гардонида мешаванд. Аз ҷумла, мусаввараи рассоми чинӣ Сан Чао Танг «Симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон», офаридаи рассом Вафо Назаров «Симои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар пасманзари НБО-и Норак», офаридаи рассом Беҳзод Боймуродов «Тоҷикистони воҳид», ки симои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо дастовардҳои муҳимми роҳу нақлиёт дар замони соҳибистиқлолии мамлакат тасвир намудааст, ба маърази тамошо гузошта мешаванд.
Мусаввараи офаридаи рассом Ғафур Ҷураев «Савганди ҷовидонӣ», ки дар он лаҳзаи бо нишони эҳтирому арҷгузорӣ бўсидани Парчами давлатӣ аз ҷониби Раиси тозаинтихоби Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи XVI Шурои Олӣ инъикос шудааст.
Мусаввараи «Дуои модар» низ, ки соли 2025 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Содир Жапаров ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳдо гардидааст, ба намоиш гузошта мешавад. Ёдовар мешавем, ки асари мазкур ба тозагӣ аз ҷониби Пешвои миллат ба Осорхонаи миллӣ эҳдо гардид.
Барои меҳмонон дар толори «Истиқлоли давлатӣ»-и Осорхонаи миллӣ низ сайри осорхонавӣ баргузор мегардад. Дар ин толор тамошобинон имкон доранд бо осори муҳимми даврони соҳибистиқлолӣ, аз ҷумла доир ба раванди баргузории Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нахустин Парчами давлатӣ, ки 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ, қабул ва тасдиқ гардид, курсӣ аз толори маҷлисгоҳи «Қасри Арбоб», қалами таърихие, ки бо он ҳуҷҷатҳои муҳими созишномаи сулҳи тоҷикон ба имзо расидаанд, кӯзаи Ваҳдат, ки хокаш аз ҳама минтақаҳои Тоҷикистон ҷамъ оварда шудааст, сиккаҳое, ки бо онҳо боэътимодии кори чархаҳои 1-ум ва 2-юми Неругоҳи барқи обии «Роғун» санҷида шудаанд, минбаре, ки соли 2006 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар болои Конститутсия даст гузошта, қасам ёд кардаанд ва дигар осори даврони соҳибистиқлолии мамлакат, ки аҳамияти муҳими таърихӣ дошта, ба намоиш гузошта шудаанд, шинос шаванд.
Ҳамзамон филми ҳуҷҷатии «Марди роҳ», ки ба ҳаёт ва фаъолияти ибратбахши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст, тавассути мониторҳои фаъоли осорхона ба намоиш гузошта мешавад.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон










Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид






