“Истиқлол” ва “Алфайсалӣ” ғалаба мехоҳанд
Душанбе, 22.02.2016 (АМИТ «Ховар»). Имрӯз дар меҳмонхонаи “Dushanbe Hyatt regency” бо ширкати мураббиёну бозингарони дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Алфайсалӣ”-и Урдун нишасти матбуотӣ бо хабарнигорон баргузор шуд. Пеш аз сафар ба шаҳри Душанбе сармураббии дастаи “Алфайсалӣ” Ротиб Авдот бинобар сабаби хуб ҳунарнамоӣ накардани даста дар чор бозии охири премйер-Лигаи Урдун аз мансабаш сабукдӯш шуда, ба ҷои ӯ ёвараш Фарас Халил “Алфайсалӣ”-ро ба Душанбе овардааст.
Дар нишаст ӯ арз кард, ки дар бораи “Истиқлол” маълумоти кофӣ надорад ва пагоҳ бозингаронаш танҳо бо мақсади ғалаба ба майдон меоянд. Ду бозингари легионераш аз Бразилия ва Колумбия яке бо сабаби лат бардоштан ва дигаре барои омода набудан ба мавсим ба даста ҳамроҳ нашудаанд.
Дар ҳайати дастаи “Файсалӣ” панҷ нафар бозингар-Муҳаммад Шатнавӣ, Зайд Халил,Фавзи Маҳдӣ, Маҳмуд Ёсин ва Мӯсо Самӣ Баро узви тими мунтахаби Урдун мебошанд. Се нафар дар дастаи мунтахаби олимпии ин кишвар ҳунарнамоӣ мекунанд. Ягона легионерашон Муҳаммад Аррифоӣ аз Ҷумҳурии Сурияи Араб мебошад.
Сармураббии дастаи “Истиқлол” Мубин Эргашев боварӣ дорад, ки ҳайати нави даста, ки тақрибан 50 дар сад иваз шудааст, дар бозии нахустини гурӯҳи “Б” бо клуби “Алфайсалӣ” ба ғалаба комёб хоҳад шуд.
Бозингари тими “Истиқлол” Петро Ковалчук ва ҳамлагари “Алфайсалӣ” Маҳмуд Бакит ба суолҳои хабарнигорон ҷавоб гуфтанд.
















КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






