Машваратҳо байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон
Душанбе, 10.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- 9 феврали соли 2016 дар шаҳри Душанбе даври навбатии машваратҳо байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон таҳти раҳбарии муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ ва муовини вазири корҳои хориҷии Покистон Амҷад Ҳусейн Сиал баргузор шуд.
Ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои рушди ҳамкории ду кишварро дар арсаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, энергетикӣ, иртиботи нақлиётӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ баррасӣ карданд. Дар ин росто ба ҷараёни иҷрои тавофуқоте, ки дар натиҷаи мулоқоти роҳбарони ду кишвар моҳи ноябри соли 2015 дар Исломобод ҳосил шуданд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Барои тақвияти ҳамкории вазорату идораҳои дахлдор, барқарор намудани робитаҳои фаъол байни соҳибкорон ва доираҳои илмию фарҳангии Тоҷикистону Покистон ва инчунин тавсеаи пояи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои мухталиф иқдомҳои муштарак ҳамоҳанг карда шуданд.
Бо назардошти сатҳи баланди ҳамкории сиёсии Тоҷикистон ва Покистон дар атрофи масъалаҳои мубрами минтақа ва таҳкими минбаъдаи ҳамкории самарабахш дар самти мубориза бар зидди чолишҳои амнияти миллӣ ва минтақавӣ табодули назар сурат гирифт.
Дар натиҷаи машваратҳо омодагии ҳарду ҷониб ба тавсеаи беш аз пеши робитаҳои сиёсӣ, аз ҷумла дар сатҳҳои олию баланд ва ҳамкории мутақобилан судманд дар ҳамаи соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ таъкид гардид.








РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Сомонаи расмии Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» фаъол гардид
Барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бақайдгирӣ оғоз ёфт
Дар Қоҳира ҳамкорӣ байни ширкатҳои Тоҷикистону Миср баррасӣ гардид
Дар Душанбе Ҷаласаи навбатии Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои узви СҲШ доир мегардад
Сафири Тоҷикистон бо муовини якуми Раиси Бонки марказии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея бо мудири иҷроияи AFoCO мулоқот намуд
Дар Боку тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи воситаҳои ахбори омма баррасӣ гардид
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Рӯзи Модар таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо Директори иҷроияи ширкати Mooney Group мулоқот кард
Дар Қоҳира масъалаи таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ шуд
Имконияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ширкати NVIDIA дар соҳаи зеҳни сунъӣ баррасӣ гардид






