Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Намояндаи махсус оид ба мубориза бо терроризм ва масъалаҳои амниятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Чен Гопин
Душанбе, 29.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инчунин Намояндаи махсус оид ба мубориза бо терроризм ва масъалаҳои амниятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Чен Гопинро ба ҳузур пазируфт.
Дар ҷараёни мулоқот масоили густариши ҳамкориҳои амниятии Тоҷикистону Чин баррасӣ гардиданд.
“Мо кишвари Шуморо ҳамчун шарики боэътимод ва ҳамсояи наку медонем, ки ҳамаҷониба Тоҷикистонро ҷиҳати рушди бахшҳои муҳими ҷомеа ва таъмини амният ҷонибдорӣ менамояд” таъкид дошт дар оғози мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Ҷонибҳо изҳори умед карданд, ки бо ҳамгироии муштарак ва бо такя ба муносибатҳои таърихии ҳусни накуи ҳамҷаворӣ метавонанд амнияту суботро дар ду кишвар ва минтақа нигоҳ доранд.
Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба вазъи мураккаби сиёсӣ дар Афғонистон ва эҳёи ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии ин кишвари ҳамсоя табодули афкор намуданд.
Дар мулоқот инчунин оид ба дигар мавзуъҳои барои ҳарду ҷониб судманд гуфтугӯй сурат гирифт.










Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд






