Мулоқоти Пешвои миллат бо узви Шӯрои марказии ҳарбии Ҷумҳурии Мардумии Чин, сардори ситоди муттаҳидаи Артиши халқии озодибахши Чин Фан Фэнхоэй
Душанбе, 29.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон узви Шӯрои марказии ҳарбии Ҷумҳурии Мардумии Чин, сардори ситоди муттаҳидаи Артиши халқии озодибахши Чин Фан Фэнхоэйро ба ҳузур пазируфт.
Дар ҷараёни мулоқот масоили рушду густариши минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Чин баррасӣ гардиданд.
“Масъалаи таҳкими муносибатҳо дар соҳаи ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии Тоҷикистону Чин, дар маҷмуъ бахши амниятӣ мавзуъи муҳими ҳамкориҳои кишварҳои мо мебошад”-таъкид намуд дар оғози мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Ҷонибҳо аз ҳамкориҳои давлатҳо, ки характери стратегию шарикӣ доранд, қаноатмандӣ намуда, изҳори умед карданд, ки бо талошҳои пайваста он ба таври бемайлон рушд мекунад.
Дар мулоқот оид ба ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии Тоҷикистону Чин дар самти тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси низомии тоҷик ва иҷрои созишномаҳои қаблан қабулшуда табодули андеша сурат гирифта, саҳми кишвари ҳамсоя баҳри таъмини амният дар сарҳади давлати мо бо Афғонистон, муборизаи дастаҷамъона бо се хатарҳои ҷаҳони муосир — терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддиро муҳимму назаррас маънидод карданд.
Таъкид гардид, ки дар вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳон ва таҳдиду хатарҳои дигар мо бояд ҳамаҷониба омода бошем.
Ҷонибҳо зимни суҳбати самимӣ, ки дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ ҷараён гирифт, инчунин оид ба дигар масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ, мавзуъҳои доғи минтақаву ҷаҳон ва дарёфти роҳҳои ҳалли он гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.














Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ Тсзоу Ҷиайиро ба ҳузур пазируфтанд
Шарҳи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мулоқоту чорабиниҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои наздик
Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон рамзи «35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тасдиқ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони сохтору мақомоти низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқ машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон






