Мулоқоти Сироҷидин Аслов бо Федерика Могеринӣ

Февраль 17, 2016 08:24

Душанбе, 17.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- 16 феврали соли 2016 дар қароргоҳи Хадамоти аврупоии амалиёти хориҷӣ дар шаҳри Брюссел мулоқоти хосаи вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо намояндаи Олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ хонум Федерика Могеринӣ баргузор гардид.
Меҳвари асосии мулоқот муҳокимаи масъалаҳои ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳоди Аврупо, аз қабили мавзӯи амният, иқтисодиёт, ҳуқуқи инсон ва Стратегияи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказиро дар бар гирифта, илова бар ин ҷонибҳо дар мавзӯи вазъи амният дар Афғонистон ва ҳамкории судманд дар минтақаи Осиёи Марказӣ мубодилаи афкор намуданд.
Инчунин дар вохӯрӣ бо Ф.Могеринӣ доир ба «Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030» маълумот манзур гардид.
Мубодилаи афкор доир ба натиҷаҳои ҷаласаи Шӯрои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо сурат гирифт.
Ҷонибҳо манфиатдории хешро барои боз ҳам густариш додани ҳамкорӣ иброз намуданд.

Февраль 17, 2016 08:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд