Омӯзишии шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар соҳаи сайёҳӣ

Февраль 2, 2016 17:07

Душанбе, 02.02.2016. (АМИТ “Ховар”). -Бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” доир гардид.
Дар семинари мазкур роҳбарони ширкатҳои туристии кишвар, намояндагони бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳру навоҳии мамлакат ва коршиносони соҳа иштирок намуданд.
Дар чорабинӣ муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Ризо Назарзода мақсад аз баргузории онро андешидани тадбирҳои судманд барои оқилона истифода намудани имкониятҳои иқтисодии кишвар, инчунин ҳарчи бештару беҳтар тарғибу ташвиқи захираҳои туристии Тоҷикистон арзёбӣ кард. Таъкид шуд, ки яке аз роҳҳои асосӣ дар рушди туризм истифодаи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ мебошад.
Ризо Назарзода дар семинар изҳор дошт, ки андешидани тадбирҳои судманд ва ҳамкории тамоми бахшҳо дар соҳаи сайёҳӣ имкон дод, ки соли 2015 афзоиши шумораи сайёҳон ба кишвар ба дараҷаи рекордӣ расад.
Дар семинар коршиносон ва иштирокдорон вобаста ба масъалаҳои соҳаи сайёҳӣ маърӯза карда, роҳҳои ҷалби бештари сайёҳон ба кишвар ва ҳамкории бахши хусусӣ ва шарикии давлатро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Аз ҷумла, таъкид шуд, ки механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ имконият медиҳад, ки сармояи бахши хусусӣ ба рушди туризм ҷалб шавад. Аз дигар ҷониб, механизми мазкур дар қатори сармоя, инчунин технологияи нав, кадрҳои баландихтисос ва менеҷменти муосирро дар бахши туристӣ роҳандозӣ мекунад.

Февраль 2, 2016 17:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Конибодом ба хонандагон либосҳои мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Дар Душанбе дар мавзуи «Навсозии Чин» конференсия баргузор гардид
Истиқлоли давлатӣ омили калидии сиёсати муваффақи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аст
МегаФон Тоҷикистон бурди миллион сомонӣ ва туҳфаҳои дигари олиҷанобро доир менамояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар ба кӯдакони ятим ва ниёзманд либосҳои мактабию лавозимоти хониш тақдим гардид
Дар палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон бо ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 1,9 миллион либоси мактабӣ истеҳсол карда шудааст
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Гулистон давраи мутобиқшавии хонандагони синфи якум идома дорад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад