Ҷоми КФО: Мусовии “Истиқлол” дар бозии аввал
Душанбе, 24.02.2016 (АМИТ «Ховар»).-Дирӯз дар варзишгоҳи марказии пойтахт чемпиони Тоҷикистон “Истиқлол”-Душанбе дар аввалин даври бозиҳои Ҷоми КФО бо клуби “Алфайсалӣ”-и Урдун вохӯриашро бо натиҷаи 0 бар 0 анҷом дод.
Суръати бозӣ хеле баланд буд. Меҳмонон дар оғози нимаи аввал ду лаҳзаи ниҳоят мушкилро дар назди дарвозаи соҳибони майдон ба вуҷуд оварданд. Дар дақиқаи сеюм ва 16-уми вохӯрӣ зарбаҳои Ёсин Бакит аввал ба сутуни чапи дарвоза ва баъдан ба сутуни рости дарвозаи истиқлолиҳо бархӯрд. Бешубҳа, беҳтарин бозингари ин вохӯрӣ дарвозабони “Истиқлол” Никола Стошич ва ҳамлагари “Алфайсалӣ” Ёсин Бакит буданд. Стошич бо маҳорати олиаш дарвозаи “Истиқлол”-ро аз гол эмин нигоҳ дошт.
Дар нимаи дуввум ҳам лаҳзаҳои голзанӣ ба вуҷуд омаданд. Манучеҳр Ҷалилов метавонист дар дақиқаи 87-ум аз масофаи шаш метр тӯбро ба дарвозаи холӣ равон кунад, аммо саросема шуд.
Дар нимаи дуввум баъди ба майдон омадани Акмал Холматов фишор ба хати дифои “Алфайсалӣ” бештар шуд ва ду зарбаи хеле олии ин бозингар дар хотирҳо нақш баст.
Ба ҳамин тариқ, дар бозии аввали гурӯҳи “Б”-и Ҷоми КФО “Истиқлол”-и Душанбе ба аввалин имтиёз комёб шуд ва акнун бозии дуввумашро рӯзи 8 март дар сафар бо КФ “Триполӣ”-и Лубнон баргузор менамояд.
Дар ин гурӯҳ “Нафт Алвасат”-Ироқ дар майдонаш бар КФ “Триполӣ”-и Лубнон бо натиҷаи 1 бар 0 пирӯз гардид.
Дар гурӯҳи “А” дастаи “Алтин Асир”-и Туркманистон бар “Алаҳад”-и Лубнон ( 2-0) ва “Алваҳдот”-и Урдун бар “Алҳидд”-и Баҳрайн (2-0) ғолиб омаданд. Имрӯз бозиҳои боқимондаи даври аввал дар дигар гурӯҳҳо идома меёбанд.








КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






