Прокурори генералӣ дар Парлумон ҳисобот медиҳад

Февраль 15, 2016 10:47

Душанбе, 15.02.2016.(АМИТ «Ховар»).- Дар асоси қарори ба тасвибрасонидаи раиси Маҷлиси миллии Маҷлисии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев 3 марти соли равон дар шаҳри Душанбе иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум доир мегардад.
Аз палатаи болоии Парлумони кишвар ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар иҷлосия Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ ва ҷонибдорӣ хоҳанд гашт.
Ҳамзамон интизор меравад, ки дар иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллӣ номҳои баъзе аз шаҳру ноҳияҳои кишвар, ба мисли Қайроққум, Чкалов, Ғончӣ, Ҷалолиддини Румӣ, Ҷиликӯл, Қумсангир, Шӯрообод, Тавилдара ва Ҷиргатол тағйир дода шаванд.
Дар ҷараёни иҷлосияи панҷуми палатаи болоии Парлумони кишвар аъзои Маҷлиси миллӣ инчунин ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон «Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015» -ро мешунаванд.

Февраль 15, 2016 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ