Р.Таваров: Ҳадафи асосӣ аз таъсиси ММТ холисона, одилона ва ба таври шаффоф ба роҳ мондани имтиҳонҳо аст

Февраль 12, 2016 12:12

Ояндаи мамлакат аз фаъолияти омӯзгор ва рушди илму маориф вобастагии зиёд дорад. Дар хотир бояд дошт, ки танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро пайдо намояд.

Эмомалӣ Раҳмон

Маорифи Фирдавси (1)++Душанбе, 12.02.2016. (АМИТ «Ховар»).-Ду сол аст, ки бо ибтикор ва роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул ба мактабҳои олии кишвар аз тариқи Маркази миллии тестӣ ҷараён мегирад.  Дар робита ба ин хабарнигори АМИТ «Ховар» бо мақсади шиносоӣ бо вазъи омодагӣ ба баргузории имтиҳонҳои марказонидашуда ва таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ бо мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсӣ Раҳмон Таваров суҳбат намуд.

АМИТ «Ховар»: Муҳтарам Раҳмон Таваров, мегуфтед, ки низоми байналмилалии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти ноҳияи Фирдавсӣ чӣ гуна ба роҳ монда шудааст?

Раҳмон Таваров: Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қабули донишҷўён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тавассути мута-марказонии имтиҳонҳои дохилшавӣ ва таъсиси Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ворид шудани соҳаи маорифи кишвар ба низоми байналмилалии таҳсилот шароити мусоид фароҳам овардааст.

Ҳадафи  асосӣ аз таъсиси Маркази миллии тестӣ холисона, одилона ва ба таври шаффоф ба роҳ мондани имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои олии касбӣ аст. Таҷрибаи кишварҳое, ки чунин тартиби қабули имтиҳонҳоро ҷорӣ кардаанд, нишон медиҳад, ки низоми мазкур барои интихоби шогирдони дар ҳақиқат болаёқат, баланд бардоштани сифати таҳсилот ва сатҳи азхудкунии дониш нақши муҳим мебозад.

АМИТ «Ховар»: Соли гузашта дар чанд муассисаи таълимии ноҳияи Фирдавсӣ  имтиҳонҳои маркази миллии тестӣ гузаро-нида шуданд ва ҷараёни он чӣ гуна буд?


Раҳмон Таваров:
15-20-1 (3)Соли гузашта дар чор муассисаи таълимии ноҳияи Фирдавсӣ-муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 24, № 42, № 72 ва гимназияи № 74  имтиҳонҳои марказонидашуда гузаронида шуданд ва имсол низ дар ин муассисаҳои таълимӣ баргузор хоҳанд шуд. Афзалияти ин усулро солҳои сипаришуда мушоҳида кардем, яъне  он шаффоф ва боадолатона гузашт. Аз 2394 нафар хатмкардаи мактабҳои ноҳияи Фирдавсӣ 1444 нафар сазовори номи баланди донишҷўӣ гардид, ки ин нишондиҳанда қаноатмандкунанда аст. Маъракаи «Довталаб — 2014» нишон дод, ки хатмкунандагон дар муқоиса бо солҳои қаблӣ бештар ба имтиҳонҳои марказикунони-дашудаи дохилшавӣ хубтару ҷиддитар тайёрӣ дидаанд. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла довталабон дуруст дарк карданд, ки бо роҳандозӣ шудани низоми нав паси курсиҳои донишҷўии донишгоҳу донишкадаҳо танҳо ҷавонони баору номус ва саводноку маърифатпарвар хоҳанд нишаст.

АМИТ «Ховар»: Имсол чанд нафар хонандагон муассисаҳои таълимии ноҳияро  хатм мекунанд ва ин хатмкунандагон бештар  кадом гурӯҳи ихтисосҳоро интихоб мекунанд?  

Раҳмон Таваров:  Алҳол дар ноҳия 21 мактаби таҳсилоти умумӣ-3 асосӣ ва як гимназия фаъолият дорад, ки ба беш аз 42 ҳазору 252 нафар хонанда 1540 омўзгор таълим медиҳанд. Имсол мактабҳои ноҳияро 2411 хонанда  хатм мекунад. Тӯли ин солҳо мушоҳида кардем, ки хатмкунандагони мо ба гурӯҳи  ихтисосҳо (кластер)-и 1-ум– “Табиӣ ва техникӣ”, 4-ум – “Ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ”, 5-ум – “Тиб, биология ва варзиш”  шавқи зиёд доранду мутаассифона, ба гурӯҳи  ихтисосҳои 3-юм–“Филология, педагогика ва санъат” довталабон каманд. Имрӯз, ки талабот ба омӯзгорони фанҳои дақиқ зиёд аст, мо кӯшиш мекунем, ки довталабонро ҳидоят кунем, ки нисбат ба касби омӯзгорӣ шавқи зиёд пайдо кунанд, то дар оянда муассисаҳои таълимии кишвари соҳибистиқлоламон бо омӯзгорони касбӣ пурра таъмин шаванд.

АМИТ «Ховар»: Шуъбаи мариф ҳоло корҳои фаҳмондадиҳиро дар мактабҳои ноҳия чӣ гуна ба роҳ мондааст?

Раҳмон Таваров: Шуъбаи маориф дар ҳамкорӣ бо Маркази миллии тестӣ 1-уми январи соли равон 21 омӯзгори муассисаҳои таълимии ноҳияро ба машварати омӯзишии Маркази миллии тестӣ фиристод. Мақсади машварат омода намудани таблиғгарон барои иттилоърасонию омӯзонидани низоми ИМД ба омӯзгорон ва хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва волидайни онҳо мебошад. Ҳоло ин омӯзгорон корҳои фаҳмондадиҳиро дар мактабҳои ноҳия хуб ба роҳ мондаанд.

Бояд гуфт, ки ҳанӯз довталабоне ҳастанд, ки дар интихоби касб мушкилӣ мекашанд ва омӯзгорони ноҳия ҳамарӯза бо хатмкунандагон суҳбатҳо намуда, ба довталабон маслиҳат медиҳанд, то онҳо роҳи дурустро интихоб кунанд.

АМИТ «Ховар»: Имрӯз шароит дар марказҳо дар кадом сатҳ аст?

Раҳмон Таваров: Дар муассисаҳое, ки имтиҳонҳонҳои марказонидашуда гузаронида мешаванд,  тамоми шароит барои довталабон муҳайё аст. Дар ҷойҳои алоҳида камераҳои назоратӣ насб шуда, барои падару модароне, ки ҳамроҳи фарзандони худ ба марказҳо меоянд, мониторҳо омода шуда, онҳо имкон доранд аз тариқи ин мониторҳо  ҷараёни имтиҳонҳоро пурра тамошо кунанд.         Шуъбаи маорифи ноҳия бо Маркази миллии тестӣ ҳамкории зич дорад. Мо кӯшиш мекунем, ки то баргузории имтиҳонҳо мактабҳоро пурра омода созем. Соли гузашта аз ҷониби Маркази миллии тестӣ дар мавриди камераҳои мушоҳидавӣ (назоратӣ) ба мактаби таҳсилоти умумии рақами №72 эрод гирифта шуд ва  камбудӣ  сари вақт бартараф гардид.

Дар охири суҳбат Раҳмон Таваров иброз намуд, ки дар давоми солҳои истиқлолият соҳаи маорифи кишвар бо дастгирии Ҳукумати кишвар чун тамоми дигар бахшҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат рў ба инкишоф ниҳода, cоҳа ба комёбиҳои воқеан ҳам назаррас ноил гардид.

Раҳмон Таваров аз Паёми имсолаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дастгирии соҳаи маориф ва баланд бардоштани мақоми омўзгор дар рушди неруи инсонӣ ва пешбарандаи  ҷомеа будани ин табақа ёдовар шуд, ки пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва давлатиро ба рушди маориф марбут донистааст.

Суҳбаторо Мавҷуда Анварӣ

 

 

 

 

 

 

Февраль 12, 2016 12:12

Хабарҳои дигари ин бахш

ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Бо Пешвои миллати фарҳангдӯст ва ҳунарпарварамон ифтихор дорем
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШҶӮЁН. Ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон таҳсили намунавӣ менамоянд
ИМРӮЗ-РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Имсол Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон раёсати Шурои иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказиро ба уҳда дорад
«ХОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ҳадафи озмун аз густариши эҳтиром нисбат ба арзишҳо, суннат ва адабу русуми миллӣ иборат аст
Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон: «Робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ густаришу равнақи бештар меёбанд»
Зебо Баротова: «Мехоҳам бо маблағи гранти президентӣ ба занони бешуғл ҳунар омӯзонаму онҳоро ба кор ҷалб намоям»
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар ҷаҳони муосир мавриди омӯзиши васеъ қарор дорад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Агар волидон то 3 моҳ барои кӯдак шаҳодатномаи таваллуд нагиранд, ҷарима пардохт менамоянд
Сафири Амрико дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер: «Давоми панҷ соли охир Тоҷикистон дар роҳи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ устуворӣ ва азми пойдор нишон дод»
Хуршед Файзуллозода: «Ҳадафи Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ вусъат бахшидани раванди амалӣ намудани «ҳукумати электронӣ» аст»
Мавзуна Чориева: «Аз варзишгарони тоҷик умеди зиёд дорем, ки дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд»
ТОҶИКИСТОНУ ЧИН ШАРИКОНИ ҲАМАҶОНИБАИ СТРАТЕГӢ МЕБОШАНД. Нашри мусоҳибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ВАО-и расмии Чин